НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон 100 ҳазор ҷойи кори нав таъсис дода шуд

Август 6, 2024 15:04

ДУШАНБЕ, 06.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми имсол дар мамлакат дар маҷмуъ зиёда аз 100 ҳазор ҷойи кори нав, аз ҷумла 60,3 ҳазор ҷойи кор дар бахши воқеӣ ва 39,8 ҳазор ҷойи кор дар бахши хизматрасонӣ таъсис дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботӣ мутаносибан 7,7 фоиз зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки таъсиси бештари ҷойи нави кор ба соҳаи кишоварзӣ- 34,3 ҳазор ҷой, сохтмон- 16,9 ҳазор ҷой, савдо- 11,4 ҳазор ҷой, маориф- 7,6 ҳазор ва нақлиёт 3,8 ҳазор ҷойи кор рост меояд.

Дар баробари ин дар якчанд соҳаҳои иқтисоди мамлакат таъсиси ҷойи нави кор нисбат ба шашмоҳаи якуми соли 2023 коҳиш ёфтааст, аз ҷумла дар соҳаи таъмини неруи барқ, газ- 1218 ҷойи кор, идоракунии давлатӣ- 945 ҷойи кор, тандурустӣ- 1068 ҷойи кор, фаъолияти молиявӣ ва суғурта- 352 ҷойи кор, саноати истихроҷ- 295 ҷойи кор, меҳмонхона ва тарабхона- 212 ҷойи кор.

Иттилоъ дода шуд, ки ба ҳолати 1 июни имсол музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии меҳнат, ки ба кормандони кироякор пардохт шудааст, 2148 сомониро ташкил медиҳад, ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 241 сомонӣ зиёд мебошад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 6, 2024 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд