Ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бошукуҳ истиқбол гирифта шуданд

Август 14, 2024 09:36

ДУШАНБЕ, 14.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳаводорону дӯстдорони варзиши тоҷик дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо руҳияи баланди тоҷикона ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистонро, ки аз Бозиҳои олимпии Париж-2024 бо дастоварди олимпӣ ба Ватан баргаштанд, пешвоз гирифтанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе варзишгарони муваффақро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, роҳбарияти Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва дигар масъулони соҳаи варзиши мамлакат пуршукуҳ истиқбол гирифтанд.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар назди ҳазорон нафар мухлисон, ки бо нидоҳои «офарин-офарин» варзишгаронро пешвоз гирифтанд, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва дигар масъулон бори дигар парчамбардоронро бо медалҳои ба дастоварда табрику муборакбод намуданд.

Варзишгарон барои муҳайё кардани шароити мусоид ҷиҳати омодашавӣ ба Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ-2024, ки дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор гардид, изҳори минатдорӣ намуда, дар назди ҳозирин ваъда доданд, ки минбаъд барои баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ тамоми қувваю маҳоратро сарф намоянд.

Маросими истиқболи варзишгарон дар фурудгоҳ бо иҷрои Суруди миллӣ ба поён расид. Варзишгарон бо меҳмонону иштирокдорони маросими истиқбол ба Қасри миллат барои мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ раҳсипор шуданд.

Баъди анҷоми маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ, ҷоиза ва туҳфаҳо варзишгарон ба Маҷмааи меъмории «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон», воқеъ дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе мераванд. Варзишгарон ба хотири арҷ гузоштан ба таърихи халқу Ватан дар пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта, расми хотиравӣ мегиранд.

Бояд тазаккур дод, ки Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ-2024 аз 26 июл то 11 август дар шаҳри Парижи Фаронса баргузор гардиданд. Дастаи олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 се медали биринҷӣ гирифт. Ду медалро дар риштаи ҷудо Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг ва Темур Раҳимов дар вазни + 100 кг ба даст оварда, медали сеюмро муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар вазни то 92 кг соҳиб гардид.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз, соати 19:30, дар «Амфитеатр»-и шаҳри Душанбе ба истиқболи ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ чорабинии тантанавӣ баргузор мешавад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 14, 2024 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд