Паҳлавони тоҷик Муллораҷаб Халифаев соҳиби медали тиллои Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ гардид
ДУШАНБЕ, 30.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони тоҷик Муллораҷаб Халифаев дар вазни 65 кг дар даври ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ ба Абрек Нагучев аз Федератсияи Русия пирӯз шуда, медали тиллои чемпионатро ба даст овард.
Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ оғоз гардида, то 31 август давом мекунад.
Дар чемпионат зиёда аз 200 варзишгар аз 63 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд. Паҳлавонон дар 9 вазн — 3 вазн байни занон ва 6 вазн байни мардон бо ҳам рақобат мекунанд.
Фонди ҷоизавии чемпионат 400 ҳазор доллари ИМА аст. Дар ҳамаи вазнҳо ба ғолибони ҷойи якум 20 000 доллар, барандагони медали нуқра – 10 000 ва медали биринҷӣ 5 000 доллари ИМА тақдим мешавад.
Инчунин дастаҳое, ки аз ҳисоби медалҳо се ҷои аввалро мегиранд, мутаносибан бо 5 000, 3 000 ва 2 000 доллари ИМА сарфароз гардонида мешаванд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Варзиш ТВ








«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид






