Пагоҳ ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз Бозиҳои олимпии Париж-2024 бо дастовардҳои варзишӣ ба Ватан бармегардад
ДУШАНБЕ, 13.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 14-уми август ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз Бозиҳои олимпии Париж-2024 бо дастоварди олимпӣ ба Ватан бармегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Кумита ҳаводорону дӯстдорони варзиши тоҷикро даъват менамояд, ки бо руҳияи баланди тоҷикона ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ дар назди Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҳозир шаванд.
Ёдовар мешавем, ки 26 июл дар шаҳри Парижи Фаронса Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ-2024 расман оғоз гардида, 11 август анҷом ёфтанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 14 варзишгар аз рӯйи 6 намуди варзиш, аз ҷумла ҷудо, бокс, таэквондо, гӯштини тарзи озод, шиноварӣ ва варзиши сабук муаррифӣ намуданд. Дар бозиҳо аз рӯйи 32 намуди варзиш 10 500 варзишгар аз 206 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Варзишгарон барои 329 маҷмуи медалҳо бо ҳам мубориза бурданд. Тоҷикистон бо се медали биринҷӣ байни 206 давлати иштирокчӣ мақоми 79-умро касб кард.
Ду медалро дар риштаи ҷудо Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг ва Темур Раҳимов дар вазни + 100 кг ба даст оварда, медали сеюмро муштзани тоҷик Давлат Болтаев дар вазни то 92 кг соҳиб гардид.
Бояд ёдовар шуд, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону ташаббускорони ватанӣ ғолибони ҷойи сеюмро бо 10 000 доллари ИМА ҳавасманд менамояд.
Ин иқдом ба боз ҳам баланд бардоштани руҳияи варзишгарони мамлакат мусоидат карда, барои расидан ба ҳадафу мақсадҳои гузошта замина мегузорад.
Ҳамзамон ёдовар мешавем, ки ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж -2024 бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла барои ҷойи сеюм- 200 000 сомонӣ ҳавасманд гардонда мешаванд.
Илова бар ин нафароне, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ҷойи сеюмро сазовор шудаанд, аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо хонаҳои истиқоматии 1-ҳуҷрагӣ қадршиносӣ мегарданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Имрӯз дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Афғонистон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод






