Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Хазинаи кувайтии рушди иқтисодии араб Валид Ал-Баҳарро ба ҳузур пазируфтанд

Август 22, 2024 10:04

ДУШАНБЕ, 22.08.2024 /АМИТ «Ховар»/.  22 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Хазинаи кувайтии рушди иқтисодии араб Валид Ал-Баҳарро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи мазкур баррасӣ гардид.

“Тоҷикистон ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд бо Давлати Кувайт таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд ва Кувайтро шарики муҳимми худ медонад” — изҳор доштанд дар оғози суҳбат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷараёни тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Хазинаи мазкур дар маблағгузории лоиҳаҳои муҳими зербиноӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои мошингард, барқарорсозии шабакаҳои барқӣ ва обёрӣ бо қаноатмандӣ таъкид гардид.

Пешвои миллат изҳор доштанд, ки ҳоло дар Тоҷикистон барои таъмини аҳолии кишвар ва минтақа бо “неруи сабз” ва рушди “иқтисоди сабз” чораҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.

Дар ин робита ҷалби сармояи кувайтӣ ба соҳаи энергетикаи барқароршаванда, ба хусус гидроэнергетика ва таҳкими зербинои энергетикаи барқӣ зарур дониста шуд.

Афзун намудани маблағгузории хазина барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва нақлиёт мувофиқи мақсад номида шуд.

Ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Мулоқот бо Мудири кулли Хазинаи кувайтии рушди иқтисодии араб Валид Ал-Баҳар 22.08.2024

Август 22, 2024 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин  Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Шарҳи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли САҲА Фаридун Синирлиоғлуро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба Ватан баргардондани мушти хоки оромгоҳи қаҳрамонони миллӣ иштирок намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом ёфт
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби Кумитаи Ҳизби коммунистии Чин дар шаҳри Чонгчин Юан Ҷияҷюн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чонгчини Чин аз корхонаи саноатии «Зонгшен» боздид намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба шаҳри Чонгчини Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чин