ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН САРПАРАСТИ БОЗ ЯК ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ. Озмуни «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» дар соли 2024 баргузор карда мешавад
ДУШАНБЕ, 31.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Барои баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» дар соли 2024 195 000 (яксаду наваду панҷ ҳазор) сомонӣ ҷудо мешавад. Озмун аз рӯи се номинатсия — беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ доир гардида, барои ҷойи якум 30 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 20 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм 15 ҳазор сомонӣ мукофот муқаррар гардидааст. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Чунин омадааст дар Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли равон, ки дар бораи баргузор намудани озмуни мазкур ба тавсиб расидааст.
Дар Амри Президети мамлакат омадааст, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» дар соли 2024 бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Соли маърифати ҳуқуқӣ» баргузор карда мешавад. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин китоби илмӣ, мақолаи илмӣ ва мақолаи илмию оммавӣ» тасдиқ карда мешаванд. Озмун дар як давр баргузор мегардад. Довталабоне, ки дорои осори илмӣ ва илмию оммавӣ мебошанд, метавонанд маводди худро ба Комиссияи озмун пешниҳод намоянд.
Озмун бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, муайян намудани беҳтарин осори илмӣ ва оммавию ҳуқуқӣ, тақвияти касбияти муҳаққиқон ва олимон дар соҳаи ҳуқуқ ва рушди илми ҳуқуқи ватанӣ равона гардидааст.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаҳои боз








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






