Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд

Август 9, 2024 13:49

ДУШАНБЕ, 09.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 9 август дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид.

Дар Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок карданд.

Сарони давлатҳо доираи васеи масъалаҳои мубрами ҳамкории кишварҳои минтақаро баррасӣ намуданд.

Зимни суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони давлатҳои Осиёи Марказиро ба масъалаҳои ҳамкорӣ баҳри густариши минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, таҳияи барномаҳои алоҳидаи соҳаҳои кишоварзӣ, саноат ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав, амалисозии лоиҳаҳои бузурги нақлиётӣ, инфрасохтор ва логистикӣ, истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ, рушди соҳаҳои фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар масъалаҳои мубрам ҷалб намуданд.

Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пешравии ҳамкорӣ дар минтақа давоми шаш соли охир изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамаи онро самараи азму иродаи қавии сиёсии роҳбарони кишварҳо унвон намуданд.

Сарвари давлати мо иброз доштанд, ки дар шароити кунунии тағйироти босуръати ҷаҳон зарурати ташаккули дидгоҳи ягонаи ояндаи Осиёи Марказӣ ба миён омадааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар вохӯриҳои машваратии гузашта зиёда аз сад пешниҳод ва ташаббус ба миён гузошта шуд, ки мавриди баррасӣ қарор дошта, хусусияти дарозмуддат доранд. Татбиқи ҳар яки он иқтидори рушди муштаракро зиёд мекунад.

Дар давоми панҷ соли охир гардиши мол дар минтақа беш аз ҳаштод дарсад афзоиш ёфта, аз 10 миллиард доллари амрикоӣ боло рафт.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар сурати истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, гардиши мол дар минтақа метавонад дар ояндаи наздик ба 20 миллиард доллари амрикоӣ расад.

Аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод карда шуд, ки нахустин вохӯрии вазирони саноати кишварҳои Осиёи Марказӣ соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.

Дар доираи вохӯриҳои машваратӣ ҳар сол баргузор намудани намоишгоҳҳои – “Экспо-Осиёи Марказӣ” низ муфид арзёбӣ гардид.

Таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорати электронӣ, технологияҳои рақамӣ ва энергетика, бахусус энергетикаи “сабз” заминаи калидии рушди иқтисоди “сабз” дар минтақа номида шуд.

Дар пасманзари афзоиши хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ Сарвари давлати мо пешниҳод карданд, ки шаклҳои нави самараноки ҳамкорӣ дар соҳаи амният тарҳрезӣ гардад.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумурданд, ки механизмҳои ҳамкории зичи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсис дода шавад.

Аз рӯйи натиҷаҳои Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ санадҳои зерин қабул гардиданд:

— Изҳороти муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз рӯйи натиҷаҳои Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ;

— Консепсияи рушди ҳамкории минтақавии «Осиёи Марказӣ-2040»;

— Харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкории минтақавӣ барои солҳои 2025-2027;

— Қарори Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ «Дар бораи мукофотонидани Мирзиёев Ш.М., Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо «Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ»;

— Нақшаи ҳамкории саноатии давлатҳои Осиёи Марказӣ барои солҳои 2025-2027;

— Ёддошти тафоҳум оид ба рушди марказҳои нақлиётию логистикӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ;

— Баёнияи Остонаи Вохӯрии шашуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ;

— Баёния аз рӯйи натиҷаҳои вохӯрии якуми вазирони энергетикаи давлатҳои Осиёи Марказӣ.

Қисмати дуюми нишаст бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, ки ба ҳайси меҳмони фахрӣ даъват шуда буданд ва намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Каха Имнадзе баргузор шуд.

Ҳамчунин бо иштироки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар фазои тантанавӣ бо “Нишони фахрӣ”-и Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” сарфароз гардонида шуд.

Август 9, 2024 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Тиргон
Қабули қатъномаи Тоҷикистон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда”
Паёми шодбошӣ ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027 – 2036» ва Рӯзи ваҳдати миллӣ
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб Маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб барои бунёди корхонаи дигари истеҳсоли семент асос гузоштанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Варзоб ба корҳои сохтмон дар корхонаи истеҳсоли семент оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз боғи интенсивӣ дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Деҳкадаи сайёҳиро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Осоишгоҳ барои ятимону маъюбонро мавриди истифода қарор доданд