РӮЗИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИКИСТОН. Имсол варзишгарони вилояти Хатлон соҳиби 522 медали тилло шуданд
ДУШАНБЕ, 10.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи имсол варзишгарони вилояти Хатлон дар 95 чемпионат ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок карда, соҳиби 522 медали тилло, 441 медали нуқра, 536 медали биринҷӣ шуданд. Ҳамзамон дар 19 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда, 18 медали тилло, 17 медали нуқра ва 37 медали биринҷӣ ба даст оварданд. Дар ин хусус 9 август зимни баргузории ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар иттилоъ дода шуд.
Дар вилояти Хатлон барои фаро гирифтани аҳолӣ ба варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ 4127 иншооти гуногуни варзишӣ фаъолият доранд, ки инҳо 37 мактаби варзишӣ, 40 варзишгоҳ, 3196 майдончаи варзишӣ, 574 толори варзишӣ, 38 ҳавзи шиноварӣ, 11 маҷмааи варзишӣ ва 231 иншооти махсуси варзишӣ мебошанд.
Инчунин бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои тамрини наврасону ҷавонон ва дигар табақаи ҷомеа дар вилоят ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 261 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 61-тои он мавриди истифода қарор гирифта, дар иншооти дигар корҳо идома доранд.
Муовини Раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода иброз намуд, ки Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон ба даврае рост омадааст, ки парчамбардорони мамлакат дар баробари варзишгарони 206 давлати дунё дар бозиҳои тобистонаи 33-юми Олимпиадаи Париж-2024 аз намудҳои гӯштини ҷудо,тарзи озод, бокс, варзиши сабук, таэквандо, шиноварӣ иштирок карда, бо майдондорӣ ва ба даст овардани медалҳои биринҷӣ Парчами мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоштанд.
Дар ҷараёни ҳамоиш аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ғолибони мусобиқаи варзишии Ҷоми Раиси вилояти Хатлон бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард






