«САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ВАРЗИШ ВА ТАРҒИБИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир шуд

Август 8, 2024 10:23

ДУШАНБЕ, 08.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7 август дар шаҳри Душанбе дар мавзуи «Саҳми Пешвои миллат дар рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим» ҳамоиши илмӣ – амалӣ доир гардид, ки дар он масъулини соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, собиқадорони соҳа, директорону мураббиёни мактабҳои ҷумҳуриявӣ ва намояндагони вазорату идораҳои мамлакат иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тавре дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш изҳор доштанд, ҳамоиш ба Рӯзи варзишгарон (10 август) ва 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.

Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода аз Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж – 2024 ва дастоварди таърихии ҷоизадорони олимпии мамлакат ёдовар шуда, масъулини соҳаи варзиш ва варзишгарони ҷумҳуриро ба ифтихори Рӯзи варзишгарони Тоҷикистон, ки ҳамасола 10 август дар арафаи ҷашни фархундаи миллӣ — Истиқлолияти давлатӣ таҷлил мегардад, самимона шодбош гуфт.

Дар ҳамоиш Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, собиқадори соҳаи меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Руқия Қурбонова, намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила ибрози андеша намуда, аз ҷумла саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди варзиш, оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим назаррас арзёбӣ намуданд.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки мояи ифтихору шарафмандии мо, масъулини соҳа ва варзишгарон аст, ки бо таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооту толорҳои барҳавои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ бунёду навсозӣ гардида, ба рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш заминаи мусоид фароҳам оварда мешавад.

Дар фарҷоми ҳамоиш барои фаъолияти самарабахш ва саҳм гузоштан дар рушди соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ба як зумра фаъолону собиқадорон «Сипоснома»-и Кумита ва туҳфаҳои арзишманд тақдим гардида, чанде аз варзишгарони ҷавон бо унвонҳои соҳавӣ қадрдонӣ шуданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 8, 2024 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд