Шаҳри Душанбе ва ширкатҳои сармоягузорию тиҷоратии шаҳри Чэндуи Чин ҳамкориро тақвият медиҳанд

Август 26, 2024 15:34

ДУШАНБЕ, 26.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода бо намояндагони тиҷоратии шаҳри Чэнду, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор доранд, мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ масоили ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкатҳои сармоягузорию тиҷоратии шаҳри Чэнду дар масъалаҳои баррасӣ гардид.

Истифодаи имконияту иқтидори ин ширкатҳо дар рушди самтҳои истеҳсолӣ, саноатӣ, хизматрасонии нақлиётӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмони роҳу пулҳо дар шаҳри Душанбе муҳим таъкид гардид.

Ёдовар мешавем, ки робитаҳои дӯстӣ ва шарикӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Чэнду 18 майи соли 2023 барқарор шуда, марҳила ба марҳила самту уфуқҳои нави ҳамкориро фаро мегиранд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Август 26, 2024 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 48 маркази касбомӯзӣ фаъолият менамояд
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад