СОЛИ НАВИ ХОНИШ. Имсол дар Тоҷикистон сохтмони 360 мактаб ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба нақша гирифта шудааст

Август 29, 2024 13:55

ДУШАНБЕ, 29.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар соли нави хониш дар ҷумҳурӣ тибқи нақша 138 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 29 ҳазору 968 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода мешавад.  Бинои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва биноҳои иловагӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохта мешаванд. Инчунин то охири сол дар мамлакат 218 иншоот барои 42 ҳазору 984 ҷойи нишаст сохта, мавриди истифода қарор мегирад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Имсол сохтмони 360 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 73 ҳазору 962 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, то охири сол қисми зиёди ин иншоот мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар замони соҳибистиқлолӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 3991 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз якуним миллион хонанда сохта, ба истифода дода шудааст ва корҳо дар ин самт идома доранд.

Дар соли таҳсили 1991 – 1992 шумораи хонандагон дар мамлакат 1 миллиону 325 ҳазор нафарро ташкил медод. Ин шумора дар соли таҳсили 2019-2020 ба 2 миллиону 33 ҳазору 900 нафар  расид. Дар соли таҳсили 2023-2024 ин шумора ба 2 миллиону 278 ҳазору 648 нафар баробар гардид, ки ин нисбат ба оғози даврони соҳибистиқлолӣ беш аз 954 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Бо назардошти афзоиши аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакону наврасон ва бунёди деҳаву маҳаллаҳои нави аҳолинишин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара ба Вазорати маориф ва илм супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ барои вусъат додани сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид дар онҳо мунтазам тадбир андешанд.

«Илова бар ин Вазорати маориф ва илм вазифадор мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои таъмиру навсозии муассисаҳои таълимии таъмирталаб ва садамавӣ тадбирҳои зарурӣ андешад», — таъкид намуданд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҳукумати Тоҷикистонро таъмини зиндагии арзанда ва муҳайё намудани шароити созгори таҳсилу фаъолият барои аҳолӣ ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар ҷумҳурӣ ба мустаҳкам намудан ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, васеъ ҷорӣ кардани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, ворид ва мутобиқшавӣ ба фазои ягонаи таҳсил таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода, барои дарёфт, дастгирӣ ва рушди кӯдакону хонандагони боистеъдод чораҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.

Тавре дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, бо назардошти афзоиши босуръати аҳолии пойтахт масъалаи сохтмон ва навсозии муассисаҳои таълимӣ дар мадди назари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дошта, ҳамасола якчанд муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии нави муҷаҳҳаз ба истифода дода мешавад.

Бояд таъкид намуд, ки дастовардҳои соҳаи маориф дар замони соҳибистиқлолӣ зиёду назаррас буда, дар он, пеш аз ҳама, саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназиру бузург аст.

Тавре Сарвари давлат иброз медоранд, «..мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдом дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯ мебошад».

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

 

 

Август 29, 2024 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд