ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБӢ. Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм камбудию норасоиҳоро дар ин самт номбар намуд
ДУШАНБЕ, 06.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли 2024 дар миқёси ҷумҳурӣ 72 муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 9 муассисаи таҳсилоти томактабии дорои мақоми ҷумҳуриявӣ, ғайридавлатӣ (хусусӣ) ва тобеи корхонаҳо ва 63 муассисаҳои таҳсилоти томактабии дорои мақоми маҳаллиро аз санҷиш гузаронида, камбудиҳоро ошкор намуд.
Тавре директори агентӣ Маҳмадтоир Саидзода 2 август зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, аз шумораи умумии 63 муассисаи таҳсилоти томактабии дорои мақоми маҳаллии аз аттестатсия гузашта 9 муассиса дар шаҳри Душанбе, 1 муассиса дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 27 муассиса дар вилояти Суғд, 17 муассиса дар вилояти Хатлон, 8 муассиса минтақаи Ҳисор ва 1 муассиса дар минтақаи Рашт мебошад.
«Таҳсилоти томактабӣ ҳамчун зинаи аввал дар омода намудани кӯдак ба таълим ва ташаккули равонию ҷисмонии он нақши муҳим дорад, вале фаъолияти баъзе муассисаҳои таълимии ин зинаи таҳсил ҳанӯз ба талабот пурра ҷавобгӯ нест», -гуфт директори агентӣ.
Ба гуфтаи Маҳмадтоир Саидзода, аз таҳлили натиҷаи аттестатсияи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бармеояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 дар муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла дар муассисаҳои томактабии шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд дигаргуниҳои зиёд, аз қабили таъмиру тармими кӯдакистон, таъмири бомҳо, хариди таҷҳизот барои кӯдакон ва ғайра ба амал омадааст. «Аммо агар аз нуқтаи назари он ки ин кӯдакистонҳо дар пойтахт ё шаҳрҳои маркази вилоятҳо фаъолият мекунанду имконияти нисбатан зиёд доранд, назар кунем, он гоҳ дар фаъолияти ин муассисаҳо низ норасоиҳо ва камбудиҳои зиёд мушоҳида мегардад», -гуфт дар идома директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм.
Маҳмадтоир Саидзода иброз дошт, ки дар аксар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ замимаи иҷозатнома риоя нагардида, меъёри тақсимоти кӯдакон дар гурӯҳҳо хилофи Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.04.2015) мебошад.
«Имрӯзҳо телевизион, компютер, видео, аудиоаппаратҳо, бозичаҳои таҳриккунандаи тафаккур дар ҳаёти кӯдакон мавқеи хосса касб кардаанд ва ба дараҷаи инкишофи ақлию зеҳнӣ, шавқу рағбати дарки маълумот дар бораи муҳити атроф таъсири назаррас доранд. Вазифаи кӯдакистон дар ин самт ба кӯдакон додани дониши замонавӣ, мукаммал сохтани маҳорату малакаҳои муайян, ҳозирҷавобӣ, ҳушёрию зиракӣ ва дигар сифатҳои ақлию зеҳнии онҳо мебошад, ки ҳамаи ин барои таҳсилу тадриси минбаъдаи кӯдакон дар зинаҳои минбаъдаи таҳсил хеле зарур аст. Боиси таассуф аст, ки кормандони кӯдакистонҳо дар фаъолияти худ аз технологияи нав ва муосир хеле кам истифода мебаранд»,- изҳори нигаронӣ намуд директори агентӣ.
Дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки мутаассифона, таҳлили натиҷаи санҷишҳои гузаронида нишон медиҳад, ки баъзе мудирони кӯдакистонҳо ҳатто талаботи «Барномаи таълимӣ-тарбиявии «Рангинкамон»-ро дуруст иҷро накардаанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








АЗ МЕРОСИ МИЛЛӢ ТО САРМОЯИ ИЛМИИ БАШАРИЯТ. Дар ҳошияи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ қадрдонӣ шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир гардид
Доир ба Конвенсияи Ромсар ва аҳамияти байналмилалии он нишасти илмӣ баргузор гардид
Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб — заминаи густариши илми тиб, муаррифии шахсият ва осори тоҷикон дар арсаи ҷаҳон
Доир ба нақши Президенти Тоҷикистон дар гиромидошти қаҳрамонони миллат ҳамоиш баргузор шуд
Дар Душанбе масъалаҳои рушди соҳаи илму маориф бо ректори Донишгоҳи СММ баррасӣ гардид
Коршиносони хориҷӣ нақши Тоҷикистонро чун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим назаррас арзёбӣ намуданд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи СММ тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд
ИҚДОМИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Он насли наврасро водор месозад, ки аз қаҳрамонии гузаштагон сабақи зиндагӣ гиранд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамкориро бо JICA дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва инноватсия таҳким мебахшад






