«ТАРОНАИ ШАРҚ». Дар Фестивали ХIII байналмилалӣ мусиқии суннатии тоҷик муаррифӣ мегардад

Август 13, 2024 13:58

ДУШАНБЕ, 13.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 то 30 август дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон Фестивали ХIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд.

Дар Фестивали XIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» беш аз 300 намоянда аз 70 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунармандони Ансамбли давлатии «Фалак»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фотима Машрабова, Шоҳин Абдуллоев ва чор мутриб мусиқии суннатии тоҷикро дар ин фестивал муаррифӣ менамоянд.

Дар назар аст, ки дар доираи фестивал дар мавзуи «Фарҳанги мусиқии халқҳои Шарқ: асосҳои ҳамоҳангии эҷодӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ» конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ доир гардад.

Ҳадафи ин фестивал муаррифӣ ва эҳёи мусиқии суннатии халқу миллатҳои гуногун мебошад. Фестивал дар ду сол як маротиба танҳо дар Ҷумҳурии Узбекистон доир мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ин Фестивали байналмилалии мусиқӣ соли 1997 бо ташаббуси Созмони ЮНЕСКО ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон таъсис дода шуда, марказаш дар Кореяи Ҷанубӣ ҷойгир аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 13, 2024 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид
Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид
«ДАР МЕҲМОНИИ ДУШАНБЕ». Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони ИДМ оғоз гардид
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллат — бақои миллат!» ҳамоиш баргузор шуд
Дар ёдгории Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон бозёфти нодири таърихӣ — «обкӯзаи хонуми Сагкин» кашф гардид