Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар Душанбе баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 29.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Маблағгузории лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дигар бахшҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ дар мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо Директори алтернативии Шурои директорони Бонки Осиёии Рушд Ним Дорҷи дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар мулоқот ҳамзамон самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, аз ҷумла нақлиёту энергетика, кишоварзӣ ва тандурустӣ муҳокима гардиданд.
Мулоқот дар ҳошияи сафари ҳайати Бонки Осиёии Рушд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 26 то 31 август идома меёбад, баргузор гардид.
Дар доираи сафар ба Тоҷикистон Директори алтернативии Шурои директорони Бонки Осиёии Рушд бо иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун», Лоиҳаи обтаъминкунӣ ва санитария, Лоиҳаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар, низоми обтаъминкунии ноҳияи Рӯдакӣ ва иншооти тандурустӣ шинос мешавад.
Бонки Осиёии Рушд яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар 26 соли ҳамкорӣ бо ҷумҳурии мо портфели маблағгузории бонк ба Тоҷикистон 187 лоиҳаро ба маблағи умумии 2,5 миллиард доллари амрикоӣ ташкил медиҳад.
Бонки Осиёии Рушд ҳоло ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллии Тоҷикистон дар доираи 16 лоиҳа 950 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ менамояд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид






