ТИРАМОҲ ФАРО МЕРАСАД. Дар ин фасл кадом бемориҳои мавсимӣ авҷ мегиранд?

Август 29, 2024 11:15

ДУШАНБЕ, 29.08.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Бо фаро расидани фасли тирамоҳ авҷгирии бемориҳои музмин  бештар мегардад. Зеро тағйирёбии ҳаво ба вазъи саломатии одамони синну соли гуногун, ивазшавии бофтаҳои бунияи инсон ва фаъолияти онҳо таъсири мухталиф мерасонад. Ба пайдоиши ин бемориҳо омезиши сардию  гармии шабонарӯзӣ, фаро расидани сардиҳои субҳгоҳӣ, ҳарорати баланди ҳавои нисфирӯзӣ ва дигар хусусияти табиии фасли тирамоҳ сабаб мегарданд.

Ба гуфти мутахассисони соҳаи тиб, инсон бояд ба ҳавои ин фасл мутобиқ шавад. Аввалан инсон бояд мутобиқи боду ҳаво либос ба бар намояд ва дуюм, хӯрокҳои серғизои ба организм фоидаовар истеъмол кунад. Инчунин тарзи ҳаёти солим, яъне машқҳои варзишӣ ва сайру гашт дар ҳавои тозаро пайваста иҷро намояд.

Агар инсон ҳарорати баланди бадан, дарди гӯшу бинӣ ва гулӯ, сулфа, беҳолӣ, дарди буғумҳо ва ғайраро ҳис намояд, инҳо  нишонаҳои бемориҳои мавсимӣ ва музмин мебошанд. Дар фасли тирамоҳ аксар одамони калонсол ва кӯдакон гирифтори ин бемориҳо мешаванд, зеро масунияти бадани тифлону пиронсолон нисбат ба ҷавонон сусттар аст ва муборизаи организм бо бемориҳо дар онҳо кам дида мешавад. Одамони калонсол ҳангоми каме вайрон шудани реҷа ва ё шамолхӯрӣ зуд гирифтори ин бемориҳо шуда, табобати онҳо  низ тӯлонӣ мешавад. Инкишофи организми кӯдакон ҳам дар ҳар синну сол гуногун аст. Яке обутобёфта асту дигаре хеле нозуку ҳассос. Ин омил ҳам ҳангоми авҷи бемориҳо дар байни кӯдакон нақши муҳим дорад. Кӯдакону наврасоне, ки  инкишофи ҷисмониашон суст асту реҷаи муайяни рӯз надоранд ва дар ин мавридҳо аз ҷониби волидон назорат намешаванд, зуд-зуд гирифтори бемориҳои шамолхӯрӣ ва сироятӣ мегарданд.

Дар тирамоҳ бештар зуком авҷ мегирад

Ба гуфтаи табибон, зуком бештар дар фасли тирамоҳ авҷ мегирад. Зеро ҳаво ҳанӯз чандон сард нест, одамон либоси гарм пӯшидан намехоҳанд ва ҳатто дар рӯзҳои боронӣ ҳам баъзе нафаронро бо сару либоси тунук дидан мумкин аст. Маҳз ҳамин сабаб мешавад, ки кас ба зудӣ шамол кашида, ба бемории зуком гирифтор шавад. Кӯдакону пиронсолон ба гурӯҳи осебпазир дохил мешаванд, аз ин рӯ барои пешгирии зуком ва сармохӯрдагӣ истеъмоли маҳсулоте, ки дар онҳо витамини С бештар аст, тавсия дода мешавад.

Ба тавсияи мутахассис, агар ҳарорати бадан то 37,5 дараҷа бошад, худи ҷисми инсон бо он мубориза мебарад. Дар ҳолати аз 37,5 боло рафтани тасфи бадан доруи ҳароратпасткунанда ё дигар доруҳои таркибашон дорои паратсетамол барои кӯдакон ба миқдори 10 милиграмм ба 1 килограмм вазни бадан ва барои калонсолон ба миқдори 500 мг дар як рӯз 3 — 4 маротиба тавсия дода мешавад. Дар ҳолати баланд шудани ҳарорати бадан ҳатман ба пизишк муроҷиат намудан зарур аст.

Ҳассосият- бемории мавсимӣ

Дар фасли тирамоҳ бештар бемориҳои аллергикӣ-ҳассосият авҷ мегиранд. Ба гуфти мутахассисон, яке аз омилҳои  физикӣ, ба мисли гармиву сардӣ низ метавонад ба ҳассосият таъсир гузорад. Аллергия (реаксияи ғайритабиӣ ё ҳассосияти дигаргуншудаи организм нисбат ба чизе)   ифодакунандаи аксуламали муҳофизатӣ аст, ки дар заминаи иммунологӣ ҷавобан ба таъсири такрории ангеза инкишоф меёбад.  Сабаби асосии бемориҳои ҳассосият аллергенҳо мебошанд. Якчанд аллергенҳоро, аз қабили аллергенҳои доруворӣ (пенисилин, аналгин, сулваниламидҳо, витаминҳо…), аллергенҳои ғизоӣ (тухм, шир, моҳӣ, машрубот, донагиҳо…), аллергенҳо аз гарди гулу гиёҳҳо, аллергенҳои замбурӯғӣ, аллергенҳои бактериявӣ ва ғайраро метавон номбар намуд, ки ба сифати барангезанда маъмул ҳастанд.

Барои пешгирӣ аз мубталоӣ ба аллергия бояд, пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти санитариву гигиенаи шахсиро риоя намуда, дар баробари ин ғизои солимро истеъмол кардан ва аз дорувориҳои тавсияшуда истифода бурдан  зарур аст.

Тирамоҳ мавсими бемории тарбод аст

Тарбод (ревматизм) як навъ бемории сироятию аллергиеро мегӯянд, ки зимни он бофтаҳои пайвасткунанда, махсусан системаи дилу рагҳо зиён мебинад. Тарбод беморие дониста мешавад, ки на фақат ба буғумҳо, балки ба дил ҳам асар мекунад.

Тарбоди шадид одатан баъди ангина (дарди гулӯ) инкишоф меёбад. Дар натиҷа ҳарорат баланд шуда, бемор хастаҳол мегардад ва бисёр арақ мекунад; бандҳои нисбатан калони бадан (зону, пой, оринҷ ва ғайра) дарду варам мекунанд ва пӯсти рӯи онҳо сурх мешавад. Дарди бандҳо дер давом накарда, аз як банд ба дигараш мегузарад. Баъди якчанд рӯз варами бандҳо мегардад, вале ин аломати шифо ёфтани бемор нест, чунки ҳангоми тарбод ғайр аз бандҳо аввал дилу рагҳои хун ва сонитар пӯст, шуш, ҷигар, пардаҳои луобӣ, гурда, системаи асаб ва ғайра низ иллатнок мешаванд. Дар натиҷаи сари вақт муолиҷа намудани тарбод бемор шифо меёбад. Тарбоди кӯдакон нисбат ба тарбоди калонсолон вазнинтар мегузарад. Ин гурӯҳи беморон бояд  соле як-ду бор одатан баҳору тирамоҳ аз назорати табибон гузаранд.

Бемориҳои дилу рагҳо

Тирамоҳ боиси авҷ гирифтани бемориҳои дил ва роҳҳои хунгарди он, махсусан стенокардия, бемории ишемияи дил ва баланд шудани фишори хун мегардад. Бинобар ин гирифторони ин бемориҳо дар ин фасл бояд бештар ба саломатиашон эътибор диҳанд.
Барои пешгирии авҷи беморӣ шумо бояд тавсияву доруҳои фармудаи табибонро сари вақт истеъмол кунед ва бештар дар ҳавои тоза сайр намоед. Барои он ки ҷисматон ба тағйирёбии боду ҳаво муқовимат карда тавонад, қувваи муҳофизатии онро пурзӯр созед. Барои пурқувват шудани иммунитет бисёртар меваю сабзавоти тару тоза ва хӯрокҳои серкалория истеъмол кунед.

Захми меъдаву рӯда

Шахсоне, ки меъда ё рӯдаи дувоздаҳангуштаашон захм дорад, бояд дар мавсими тирамоҳу зимистон хеле эҳтиёткор бошанд. Зеро ин бемориҳо дар ҳамин фаслҳои сол бештар авҷ мегиранд. Тағйирёбии боду ҳаво ё нақшаи корӣ ва асабоният (стресс) метавонад боиси шиддат гирифтани ин бемориҳо шавад. Барои пешгирии авҷи дарди меъдаву рӯда бояд парҳезро риоя кард. Аз хӯрдани хӯрокҳои сахту бирёнӣ ва тунду тез худдорӣ намоед. Бисёртар оби минералӣ нӯшед, то хӯроки хӯрдаатон зуд ҳазм гардида, ба меъда вазнинӣ накунад.

Бемориҳои системаи асаб

Дар фасли тирамоҳ бисёриҳо ба депрессия (афсурдаҳолӣ, руҳафтодагӣ) гирифтор мешаванд. Ин ҳолат омилҳои зиёд дорад. Кӯтоҳ шудани рӯзҳо, норасоии нурҳои ултрабунафш ва витамини Д, хазонрезӣ ва якрангӣ барин ҳолатҳо табъи касро хира месозанд. Бо ҳамин сабаб дар фасли тирамоҳ асабоният, бехобӣ ва дигар иллатҳои системаи асаб авҷ мегиранд. Бинобар ин кӯшиш кунед, ки бе сабаб ва беҳуда асабонӣ нашавед. Вақте ки асабатон вайрон мешавад, дарҳол ягон дору истеъмол намуда, мусиқии дӯстдоштаатонро гӯш кунед ва ё ба кори писандидаатон машғул шавед. Сайр дар ҳавои тоза низ барои ором кардани асаб ёрӣ мерасонад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Август 29, 2024 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Бо занону фаъолони ноҳияи Айнӣ оид ба пойдор нигоҳ доштани оилаҳо вохӯрӣ доир гардид
Ба сокинони шаҳри Турсунзода масъалаи танзими ҷашну маросим фаҳмонида шуд
Тоҷикистон соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳои Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Австралия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои наврасони то 16-сола манъ карда шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳа оид ба таъмини микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ ба инсон амалӣ мешавад
Ҷаласаи шашуми Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи хатарзо конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ҳар сол дар баъзе мавзеъҳои Бадахшон то 150 ҳолати фаромадани тарма сабт мешавад