Тоҷикистон ва Қазоқистон дар масъалаи баланд бардоштани мақоми занон ҳамкориро тақвият мебахшанд

Август 1, 2024 17:26

ДУШАНБЕ, 01.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамеша ташаббусҳои занонро дастгирӣ намуда, ба масъалаи баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд, гуфта шуд зимни Форуми занони Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода зимни форум иброз дошт, ки баргузории чунин форумҳо барои занони ҳарду давлат баҳри табодули таҷриба, таҳкими ҳамкорӣ ва рушди ташаббусҳои нав иқдоми муҳим аст.

«Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон ба дастгирии давлатии занон ва ташаббусҳои созандаи онҳо диққати махсус равона гардида,пайваста кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки ин неруи созанда ва қишри фаъоли ҷомеа ба рушди устувори мамлакат ҷалб карда шавад», -илова намуд Бунафша Файзиддинзода.

Дар форуми занон шахсони масъул оид ба тавонмандсозии ҳуқуқ ва имконияти занону духтарон, роҳбарони бонкҳои давлатӣ ва хусусӣ, намояндагони вазоратҳои корҳои дохилӣ, масъулон оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, намояндагони ташкилоти байналмилалӣ, олимон, ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳибкорзанон, ташкилот оид ба тавонмандсозии ҳуқуқ ва имконияти занону духтарони ҳарду давлат иштирок намуданд.

Узви Комиссияи миллӣ оид ба масъалаҳои занон ва оила оид ба сиёсати демографии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Зулфия Байсакова иброз дошт, ки муносибат ва шарикии стратегӣ на танҳо дар самти ҳуқуқи занон, балки баҳри ҳамрайъӣ дар мубориза ва нигоҳ доштани сулҳ дар тамоми сайёра, аз ҷумла дар давлатҳои мо хеле муҳим аст.

«Ба назари ман ин ҳамоиш рӯйдоди дурахшоне аст, ки метавонад ба оғози якчанд чорабиниҳое, ки солҳои оянда амалӣ мешаванд, мусоидат кунад. Ҳадафи мо бартараф намудани мушкилоти занон ва ноил шудан ба сулҳу амният ва некӯаҳволӣ мебошад»,- афзуд Зулфия Байсакова.

Намояндаи Ҷумҳурии Қазоқистон Лаззат Рамазонова баён дошт, ки «имрӯз 70 фоизи тиҷорати хурди Қазоқистонро соҳибкории занон ташкил медиҳад. Ҳамин аст, ки дар ин чорабинӣ ҳайати Ҷумҳурии Қазоқистонро соҳибкорзаноне намояндагӣ мекунанд, ки дар самти соҳибкории худ муваффақ гардидаанд. Мақсад аз иштироки мо дар ин форум густариш додани ҳамкорӣ байни занони ду давлат мебошад».

«Дар доираи форум мо Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва якчанд мавзеъҳои зебои шаҳри Душанберо тамошо намудем, ки бисёр ба мо писанд омад. Мардуми тоҷик дар ҳақиқат меҳмондӯст ва меҳрубон мебошанд. Мо ин амалҳои неки онҳоро дар доираи баргузории Форумизанони Тоҷикистон ва Қазоқистон эҳсос кардем»,-гуфт Лаззат Рамазонова.

Бояд гуфт, ки форум дар доираи сиёсати хирадмандона, сулҳпарварона ва дарҳои кушоди ҳарду давлат баҳри тақвияти муносибатҳои дипломатӣ байни ду мамлакати дӯсту ҳамсоя ва шарики стратегӣ, ки ҳанӯз 7 январи соли 1993 барқарор гардида буд, баргузор гардид.

Тақвият ва рушди муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, ду давлат бар асоси анъана ва арзишҳои муштарак робитаҳои бародарона доранд.

Ёдовар мешавем, ки Форуми занони Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки имрӯз таҳти унвони «Занон, захираҳои молиявӣ ва ҳимоя аз зӯроварӣ» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «ХОВАР»,

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Август 1, 2024 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид