Тоҷикистон ва Озарбойҷон мубодилаи таҷрибаро дар бахши татбиқи ҳукумати электронӣ баррасӣ намуданд

Август 29, 2024 13:30

ДУШАНБЕ, 29.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 27 август Сафири Фавқулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо Вазири рушди рақамӣ ва нақлиёти Ҷумҳурии Озарбойҷон Рашад Набиев мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубодилаи таҷриба дар бахши татбиқи ҳукумати электронӣ ва технологияҳои рақамӣ, ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ дар доираи коммуникатсияҳои минтақавии нақлиётӣ, аз ҷумла афзоиши боркашонӣ тавассути Долони нақлиётии Миёна ва барқарорсозии парвозҳо дар хатсайри Душанбе-Боку-Душанберо матраҳ намуданд.

Инчунин иштироки намояндагони бахши соҳавии Тоҷикистон дар иҷлосияи 29 Конфронси тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Боку баррасӣ гардид.

Ҳамзамон доир ба дигар масъалаҳои мубрами ҳамкории соҳавии дуҷониба байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон табодули афкор анҷом дода шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 29, 2024 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд