«ЗАНОН, ЗАХИРАҲОИ МОЛИЯВӢ ВА ҲИМОЯ АЗ ЗӮРОВАРӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе Форуми занони Тоҷикистон ва Қазоқистон оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 01.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҳамкории минбаъда дар самтҳои афзалиятнок ва майдони фарох барои баланд бардоштани нақши занон дар баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳими ҳарду давлат- Тоҷикистон ва Қазоқистон имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Занон, захираҳои молиявӣ ва ҳимоя аз зӯроварӣ» Форуми занони Тоҷикистон ва Қазоқистон оғоз гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории форум.
Дар форум гуфта шуд, ки хусусияти хоси муносибатҳои муосири Тоҷикистон ва Қазоқистонро сатҳи баланди эътимоди мутақобила ва мувофиқати мавқеъҳо оид ба бисёр масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ ташкил дода, мулоқоти мунтазами Сарони давлатҳо ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкорӣ замина мегузорад.
«Таҳким ва тавсеаи ҳамкории занони Тоҷикистон ва Қазоқистон дар чаҳорчӯби форуми «Занон, захираҳои молиявӣ ва ҳимоя аз зӯроварӣ» на фақат барои фароҳам овардани замина барои табодули афкор, иттилоот ва таҷриба, таҳияи тавсеаҳои ҳамкории минбаъда ва тавонмандсозии нақши занону духтарон дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳарду давлат замина мегузорад, балки таҳияи стратегия ва механизмҳои беҳтар намудани мавқеъ ва вазъи иқтисодии занон, баррасии монеаҳо ва роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷударо дар масъалаи пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон муайян менамояд»,- иброз дошт корманди Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ Сабоҳат Рустам.
Ёдовар мешавем, ки дар кори форум шахсони масъул оид ба тавонмандсозии ҳуқуқ ва имконияти занону духтарон, роҳбарони бонкҳои давлатӣ ва хусусӣ, намояндагони вазоратҳои корҳои дохилӣ, масъулон оид ба масъалаҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила, намояндагони ташкилоти байналмилалӣ, олимон, ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ, соҳибкорзанон, ташкилот оид ба тавонмандсозии ҳуқуқ ва имконияти занону духтарон иштирок доранд.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст






