«100 ЧЕҲРАИ МУВАФФАҚ». Озмуни ҷумҳуриявӣ чеҳраҳои арзандаи Тоҷикистонро муаррифӣ ва қадршиносӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 03.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҳавасмандӣ, муаррифӣ ва қадршиносии чеҳраҳои гуногункасб, ки давоми сол Тоҷикистонро дар дохил ва хориҷи мамлакат муаррифӣ кардаанд, Озмуни ҷумҳуриявии «100 чеҳраи муваффақ» дар соли 2024 баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Маркази рушди зеҳнӣ».
Озмун бо мақсади ҳавасмандӣ ва қадршиносии нафароне, ки дастовардҳои назаррас доранд, дар пешрафт ва рушди соҳаи худ саҳм гузоштаанд, гузаронида шуда, ғолибон бо ҷоизаҳои кумитаи тадорукот қадрдонӣ мегарданд.
Зери мафҳуми «100 чеҳраи муваффақ» шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони вазорату идораҳо, хизматчиёни давлативу ҷамъиятӣ, варзишгарон, ҷавонону ихтироъкорон, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, кормандони соҳаи тандурустӣ, блогерон, ҳамватанони бурунмарзӣ, журналистон ва тарғибгарони ғояҳои миллӣ, ки аз рӯи номинатсияҳои дар Низомномаи озмун овардашуда ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд ва баҳри рушди соҳаҳои интихобнамудаашон корҳои бузург анҷом додаанд, дар назар дошта шудаанд.
Озмун бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Маркази рушди зеҳнӣ» рӯйи номинатсияҳои зерин: «Маориф ва илм», «Ҷавонон ва варзиш», «Фарҳанг, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Санъат ва ҳунар, ихтироъкорву барномасозӣ», «Соҳибкорӣ», «Журналистика», «Иқтисод ва молия», «Тарғиби ғояҳои миллӣ», «Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ», «Хизмати давлатӣ», «Тандурустӣ», «Блогерон», «Шаҳрвандони бурунмарзӣ» ва «Футбол» баргузор мешавад.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки номинатсияҳои блогер, ҳамватанони бурунмарзӣ ва футбол танҳо имсол ба озмун илова шудаанд.
Барои маълумоти бештар хоҳишмандон метавонанд ба рақамҳои +992 788 99 99 93 (Watsapp ва Telegram) муроҷиат намоянд. Озмун моҳи сентябр оғоз гардида, маросими қабули ҳуҷҷатҳо то моҳи ноябр идома меёбад.
АКС: Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Маркази рушди зеҳнӣ»








Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст
Ҳайати Тоҷикистон дар Саммити ҷаҳонии «India AI Impact Summit 2026» иштирок намуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ маҳфили адабӣ доир шуд






