«100 ЧЕҲРАИ МУВАФФАҚ». Озмуни ҷумҳуриявӣ чеҳраҳои арзандаи Тоҷикистонро муаррифӣ ва қадршиносӣ менамояд

Сентябрь 3, 2024 16:02

ДУШАНБЕ, 03.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҳавасмандӣ, муаррифӣ ва қадршиносии чеҳраҳои гуногункасб, ки давоми сол Тоҷикистонро дар дохил ва хориҷи мамлакат муаррифӣ кардаанд, Озмуни ҷумҳуриявии «100 чеҳраи муваффақ» дар соли 2024 баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Маркази рушди зеҳнӣ».

Озмун бо мақсади ҳавасмандӣ ва қадршиносии нафароне, ки дастовардҳои назаррас доранд, дар  пешрафт ва рушди соҳаи худ саҳм гузоштаанд, гузаронида шуда, ғолибон бо ҷоизаҳои кумитаи тадорукот қадрдонӣ мегарданд.

Зери мафҳуми «100 чеҳраи муваффақ» шаҳрвандони ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони вазорату идораҳо, хизматчиёни давлативу ҷамъиятӣ, варзишгарон, ҷавонону ихтироъкорон, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, кормандони соҳаи тандурустӣ, блогерон, ҳамватанони бурунмарзӣ, журналистон ва тарғибгарони ғояҳои миллӣ, ки аз рӯи номинатсияҳои дар Низомномаи озмун овардашуда ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд ва баҳри рушди соҳаҳои интихобнамудаашон корҳои бузург анҷом додаанд, дар назар дошта шудаанд.

Озмун бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Маркази рушди зеҳнӣ» рӯйи номинатсияҳои зерин: «Маориф ва илм», «Ҷавонон ва варзиш», «Фарҳанг, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Санъат ва ҳунар, ихтироъкорву барномасозӣ»,  «Соҳибкорӣ», «Журналистика», «Иқтисод ва молия», «Тарғиби ғояҳои миллӣ», «Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ», «Хизмати давлатӣ», «Тандурустӣ», «Блогерон», «Шаҳрвандони бурунмарзӣ» ва «Футбол» баргузор мешавад.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки номинатсияҳои блогер, ҳамватанони бурунмарзӣ ва футбол танҳо имсол ба озмун илова шудаанд.

Барои маълумоти бештар хоҳишмандон метавонанд ба рақамҳои +992 788 99 99 93 (Watsapp ва Telegram) муроҷиат намоянд. Озмун моҳи сентябр оғоз гардида, маросими қабули ҳуҷҷатҳо то моҳи ноябр идома меёбад.

АКС: Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Маркази рушди зеҳнӣ»

Сентябрь 3, 2024 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд