ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САВОДНОКӢ. Дар Тоҷикистон барои босавод гардонидани шаҳрвандон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд
ДУШАНБЕ, 08.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Яке аз рӯзҳои махсусе, ки ҳамасола 8 сентябр бо ибтикори Созмони Милали Муттаҳид ҷашн гирифта мешавад, Рӯзи байналмилалии саводнокӣ мебошад. Ин ҷашн соли 1966 дар конфронси байналмилалии ЮНЕСКО дар мавзуи аз байн бурдани бесаводӣ, ки дар шаҳри Теҳрон баргузор шуда буд, қабул гардид. Конфронс 8 сентябр ба кор оғоз карда буд ва ин сана ба ҳамин далел Рӯзи байналмилалии саводнокӣ эълон шуд.
Ҳадафи аслии ин рӯз таҳкими талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пешбурди саводнокӣ мебошад.
Саводнокӣ дараҷаи муайяни маҳорати хониш ва навиштани шахс мувофиқи меъёрҳои грамматикии забони модариаш мебошад.
Бо вуҷуди пешрафтҳои назаррас, дар бисёр давлатҳо тибқи маълумоти ЮНЕСКО дар ҷаҳон 773 миллион нафар калонсолон, аз он 102 миллион ҷавонони аз 15 то 24-сола ҳастанд, ки малакаҳои ибтидоии саводнокӣ надоранд. Аз ҳар даҳ кӯдак ва наврас шаш нафар (617 миллион) ба сатҳи ҳадди ақалли маҳорати хондан ва ҳисоббарорӣ ноил намешавад. Тибқи маълумоти оморӣ, дар ҷаҳон тақрибан 267 миллион кӯдак ба дарс намераванд.
Таҳия намудани барномаҳои саводнокӣ барои гурӯҳҳои талабагоне, ки ба таваҷҷуҳи махсус эҳтиёҷ доранд, махсусан занону духтарони аз мактаб қафомонда зарур аст. Дар он ҷое, ки мардон ва писарон аз дастрасии таҳсили босифат маҳрум ҳастанд, онҳо низ ба таваҷҷуҳи махсус ниёз доранд.
Рӯзи байналмилалии саводнокӣ имкон медиҳад, ки роҳҳои инноватсионии ҳалли мушкилоти мавҷуда, ки ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии оянда нигаронида шудаанд, пешниҳод гарданд.
Ҳар сол Рӯзи саводнокӣ ба мавзуи мушаххас бахшида мешавад. Солҳои охир он таҳти шиорҳои «Аҳамияти саводнокӣ барои занон», «Савод имконияти шахсиро васеъ мекунад», «Савод ва саломатӣ», «Саводнокӣ рушди устуворро таъмин мекунад», «Саводнокӣ дар ҷаҳони рақамӣ» ва «Рушди саводнокӣ ва малакаҳо» баргузор гардид.
Бояд гуфт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри саводнок гардонидани шаҳрвандон, хусусан наврасону ҷавонон барномаву стратегияҳо қабул гардидаанд, ки ба босавод гардидани онҳо мусоидат мекунанд.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ», «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат» ва «Дар бораи Парки технологӣ» имрӯзҳо дар амал татбиқ мешаванд.
Зинаи асосие, ки барои азхудкунии дониш заминаи бунёдӣ мегузорад, маҳз таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошад. Бо мақсади фароҳам овардани шароити муосир барои хонандагони ин зинаи таҳсил бо ташаббуси Роҳбари давлат танҳо дар соли таҳсили 2024 сохтмону навсозии 370 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз 150 ҳазор хонанда идома дорад.
Танҳо дар шаш моҳи имсол дар мамлакат 37 бинои муассисаи таълимӣ барои 15 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуда, сохтмони 200 бинои муассисаи таълимӣ барои беш аз 60 ҳазор хонанда бомаром идома дорад, ки то охири имсол мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Илова бар ин, ҳанӯз дар мамлакат 314 бинои муассисаи таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, 378 бинои муассисаи таълимӣ ба таъмири асосӣ ниёз дорад ва дар 50 муассисаи таҳсилоти умумӣ хонандагон дар се баст таълим мегиранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «мо бояд фарзандонамонро, чи писару чи духтар, хононем, илму дониш, касбу ҳунар ва одобу ахлоқ омӯзонем, забон омӯзонем, аз истифодаи техникаву технологияҳои муосир бархурдор созем, ба зиндагии мустақилона ҳаматарафа омода намоем, онҳоро ҳамчун шахсияти худшиносу худогоҳ, масъулиятшинос ва ватанпарвару заҳматдӯст ба камол расонем».
Бо истифода аз шароиту имконияти беҳтарине, ки аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат барои онҳо муҳайё карда шудааст, бо сатҳи баланди масъулият, саводу маърифат, хониши намунавӣ ва одобу ахлоқ бояд намунаи ибрати дигарон бошанд.
Шароити фароҳамоварда дар мамлакат ба хотири саводнок гардонидани шаҳрвандони мамлакат мебошад.
Пешвои миллат зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш таъкид намуданд, ки танҳо саводу маърифат ва илму дониш инсонро аз ҳама бадбахтиву нокомиҳо наҷот мебахшанд.
Дар ин замина, тарбияи насли нави огоҳу саводнок ва бомаърифат аз ҷумлаи масъалаҳои калидии сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Президенти Тоҷикистон тақрибан дар ҳама суҳбату мулоқот, дидору вохӯрӣ ва гуфтугӯю суханрониҳо ба ин масъалаи меҳварӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз масъулини соҳа тақозо менамоянд, ки барои тарбияи насли нави огоҳу босаводу бомаърифат тадбирҳои судманд андешида, барномарезии ҷиддӣ амалӣ намоянд.
«Ман дар суханрониҳои худ борҳо таъкид карда будам, ки тарбияи насли нави бомаърифат, илмдӯст ва шоистаи замон танҳо вазифаи мактабу маориф нест, балки дар ин ҷода падару модарон, тамоми қишрҳои ҷомеа ва ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ бояд фаъолона саҳм гузоранд»,- иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ёдовар мешавем, ки эълон гардидани озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», «Тоҷикон» — оинаи таърихи миллат» ва «Шоҳномахонӣ» аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид барои боло бардоштани сатҳи саводнокии шаҳрвандон, хусусан наврасон мебошад.
Бояд гуфт, ки шумораи иштирокчиёни озмунҳо давра ба давра зиёд мегардад, ки ин аз таваҷҷуҳ доштани ҷомеа ба китобу китобдорӣ ва маърифатнок шудани онҳо дарак медиҳад.
АКС аз манбаъҳои боз