33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара бошукӯҳ таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ, 09.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 7 сентябр бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Данғара чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар доданд.
Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳияи Данғара Сиҷоуддин Саломзода иброз намуд, ки Истиқлолияти давлатӣ яке аз дастовардҳои бузурги миллати тамаддунофари тоҷикон буда, маҳз барои пойдорӣ ва мустаҳкам гардидани сулҳу ороми дар ҷомеа имконият фароҳам овардааст.
«Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибор, ба ҷаҳони мутамаддин пайвастаи кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад», — тазаккур дод раиси ноҳия.
Муовини раиси вилояти Хатлон Музаффар Мирзозода изҳор дошт, ки Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. Истиқлолият мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ калидие мебошад, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст.
Дар рафти чорабинӣ барои фаъолияти меҳнатӣ ва саҳми назаррас дар рушду пешрафти ноҳия як қатор фаъолон бо ифтихорномаи раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд.
Ҳунармандони соҳаи фарҳанги ноҳия бо суруду таронаҳои ватандӯстона ва тарранумгари зебоиҳои диёр барномаи рангини фарҳангиро пешкаши тамошобинон гардонданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






