33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи саноатӣ, бунгоҳи тиббӣ ва бинои баландошёна ба истифода дода шуд

Сентябрь 8, 2024 09:54

РӮДАКӢ, 08.09.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Ба истиқболи ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар деҳаи Қиблаии Ҷамоати деҳоти Қиблаии ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи нави саноатӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин хусус  ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Корхонаи нави саноатӣ маҳсулоти полимирӣ (ПИК) истеҳсол намуда, бо саҳми соҳибкори ватанӣ Ҷӯрахон Рабиев ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ сохта шудааст. Дар айни замон дар корхона 12 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардида, барои онҳо шароити мусоиди кор, ҷойи хоб ва хӯроки гарм муҳайё шудааст.

Дар доираи ин ҷашни давлатӣ дар деҳаи Гулисойи Ҷамоати деҳоти Лоҳур бунгоҳи замонавии тиббӣ ва дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ — шаҳраки Сомониён бинои истиқоматии баландошёна мавриди истифода қарор дода шуд.

Ҳамчунин дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ мешаванд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Сентябрь 8, 2024 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд