Адиб ва драманависи машҳури тоҷик Темур Зулфиқоров бо Ордени Шараф дараҷаи 1 қадрдонӣ гардид

Сентябрь 4, 2024 09:32

ДУШАНБЕ, 04.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон адиб ва драманависи машҳури тоҷик Темур Зулфиқоров бо Ордени Шараф дараҷаи 1 сарфароз гардонида шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд, мукофоти давлатиро ба адиби маъруф Темур Зулфиқоров муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ тақдим намуда, иброз дошт, ки чун анъанаи наку дар арафаи ҷашнҳои давлатӣ намояндагони гуногункасби ҷумҳурӣ, ки дар рушду пешрафти ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд, бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ мегарданд.

Темур Зулфиқоров 17 августи соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ аввал (солҳои 1956—1958) дар факултаи фалсафаи Донишгоҳи адабии Ленинград хонда, баъдан таҳсилро дар Донишкадаи адабии ба номи Горкийи шаҳри Москва идома дода, соли 1961 онро хатм кард.

Темур Зулфиқоров бо асари «Достони марги Амир Темур» (1971) ба адабиёт ворид шуд. Муаллифи беш аз 30 асари манзуму мансур аст, ки адади нашри онҳо беш аз як миллион нусха баршумурда шудааст. Романҳои Темур Зулфиқоров дар бораи Хоҷа Насриддин, Умари Хайём, Иван Грозний ва дигарон ӯро шуҳратманд кардаанд. Аз ҷумла, асари ӯ «Сафари заминӣ ва осмонии шоир» унвони «Беҳтарин романи Аврупо-93» ва ҷоизаи «Кол­етс»-и Британияро дарёфт кард.

Асари «Тамсилҳои тиллоии Хоҷа Насриддин»-и Темур Зулфиқоров соли 2004 ҳамчун «асари ҳунарии барҷастаи адабиёти рус» сазовори ҷоизаи адабии «Ясная Поляна» ва асари дигари ӯ — «Афъимори марҷонӣ» соҳиби унвони «Китоби беҳтарини сол» (2005) шуда, барои беҳтарин филмнома соли 1991 сазовори ҷоизаи «Ҳортли-Меррилл» (Ҳолливуд) гардид.

 АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳуриии Тоҷикистон

Сентябрь 4, 2024 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр Фестивали 13-уми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид