Ҳайати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалӣ дар Самарқанд иштирок дорад
ДУШАНБЕ, 25.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23 сентябр дар Донишгоҳи меъморӣ ва сохтмони Самарқанд ба номи Мирзо Улуғбек дар мавзуи «Сифати ҳавои дохилӣ ва муҳити атроф» конференсияи байналмилалӣ оғоз гардид, ки дар он ҳайати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ иштирок дорад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи техникӣ хабар доданд, дар конференсия коршиносон вобаста ба кам намудани ҳаҷми партовҳо ба муҳити зист ва ба ин васила тоза нигоҳ доштани ҳавои атмосфера табодули назар намуданд.
Таъкид гардид, ки бо назардошти тағйирёбии босуръати иқлим ва таъсири он ба соҳаҳои гуногун барои ҷорӣ намудани технологияҳои навини сарфакунандаи энергия ва таҳияи барномаҳои мутобиқшавӣ зарурат пеш омадааст.
Ҳайати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар мавзуи «Таҳияи чорабиниҳои комплексӣ бо мақсади кам намудани ҳаҷми партовҳо ба муҳити атроф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ» маъруза намуд.
Конференсияи байналмилалӣ то 27 сентябр идома меёбад.
АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






