Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонӣ оид ба нақлиёти устувор дар Пекин иштирок намуд

Сентябрь 30, 2024 15:23

ДУШАНБЕ, 30.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири нақлиёти Тоҷикистон  Азим Иброҳим дар Форуми глобалӣ оид ба нақлиёти устувор, ки дар Пекин баргузор гардид, иштирок намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Форуми глобалӣ оид ба нақлиёти устувор бо ибтикори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Маркази ҷаҳонии инноватсия ва дониш дар соҳаи нақлиёти устувор доир шуд.

Форум, ки таҳти шиори «Нақлиёти устувор: логистика — пайвандгари ҷаҳон» баргузор шуд, ба таҳкими ҳамкории глобалӣ ва мусоидат ба рушди системаи бехатар, муносиб, самаранок, экологӣ, иқтисодӣ, фарогир ва устувори нақлиёт равона гардид.

Дар доираи форум роҳбарон ва намояндагони мақомоти нақлиётӣ ва  муассисаҳои марбут ба онҳо аз 26 давлати ҷаҳон дар атрофи панҷ мавзуи асосӣ — пайвастшавӣ, рушди умумӣ, рушди инноватсионӣ, рушди устувор ва идоракунии ҷаҳонӣ мубодилаи афкор намуданд.

Дар форум Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки   нақлиёт ва логистика дар рушди иқтисодиёти кишварҳо нақши калидӣ дошта, ҳамкории боэътимод ва муассирро дар саросари ҷаҳон таъмин менамоянд.

«Нақлиёти устувор қисми муҳими рушди устувор аст ва  бинобар ин, дар рӯзномаи Рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид барои давраи то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устувори (ҲРУ)  он нақши муҳими ёрирасони нақлиёт дар роҳи расидан ба рушди устувори ҷаҳонӣ пурра инъикос шудааст», — таъкид намуд ӯ.

Ҳоло масъалаи таҳияи сиёсати устувори нақлиётӣ дар миқёси ҷаҳон нақши фаъоли вазирони нақлиётро талаб мекунад. Мулоқоти вазирон, ки дар доираи Форуми ҷаҳонӣ оид ба нақлиёти устувор – 2024 баргузор мешавад, барои қабули қарорҳои идоракунӣ, ки ба шарикии глобалии нақлиёт мусоидат мекунанд,  имконият фароҳам меорад.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон инчунин дар мавзуи «Идоракунии глобалӣ: мусоидат ба шарикии глобалӣ дар соҳаи рушди устувор» низ сухан гуфт. Вай барномаҳо ва стратегияҳои калидиро, ки дар Тоҷикистон барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла нақлиёти устувор қабул ва амалӣ карда мешаванд, номбар намуд.  Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ноил шудан ба нақлиёти устувор дар доираи барномаву стратегияҳои давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд. Аз ҷумла, 6 лоиҳаи сармоягузории сохтмони марказҳои логистикӣ омода карда шудаанд, ки се адади онҳо – «Панҷи поён,  «Кӯлоб» ва «Хуҷанд» асосҳои техникӣ — иқтисодӣ (ТЭО) доранд. Заминаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла стандартҳое, ки фаъолияти логистикиро танзим мекунанд, таҳия ва такмил дода мешаванд, корҳо оид ба рақамикунонии маҷмааи нақлиётӣ дар 28 самти асосӣ бомаром идома доранд, барои рушди мошинҳои барқии категорияҳои M1, M2, M3, N1, N2 ва N3, ки бо муҳаррики барқӣ ҳаракат мекунанд, шароити мусоид фароҳам сохта мешавад. Илова бар ин лоиҳаҳо оид ба сохтмони роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ, инчунин инфрасохтори роҳу нақлиёт, аз ҷумла пулҳо, нақбҳо, эстакадаҳо амалӣ карда мешаванд.

Маркази ҷаҳонии инноватсия ва дониш оид ба нақлиёти устувор, ки таъсиси онро Раиси  Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин соли 2021 эълон карда буд, инчунин ташаббуси Тоҷикистон оид ба таъсиси Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ёфт, барои рушд ва татбиқи нақшаву тадбирҳо, барномаҳо ва лоиҳаҳо оид ба таъмини ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи нақлиёт, дар маҷмуъ нақлиёти ҷаҳонӣ пешбинӣ шудаанд.

Фаъолияти маркази Минтақавии дипломатияи нақлиётӣ метавонад фаъолияти Маркази ҷаҳонии инноватсия ва донишро оид ба нақлиёти устувор пурра кунад.

АКС: Вазорати нақлиёти Тоҷикистон

 

Сентябрь 30, 2024 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Лоиҳаи «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии экстремизм ва терроризм барои солҳои 2026-2030» баррасӣ шуд
Тоҷикистон ислоҳоти муассир ва одилонаи воситаҳои молиявии байналмилалиро ҷонибдорӣ менамояд
Мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии шаҳри Ҳисор ба давраи тирамоҳу зимистон омода мебошанд
Дар Душанбе Мусобиқаи «Дави дӯстӣ» баргузор мегардад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Сангвор бо афсарону сарбозон вохӯрии судманд баргузор гардид
HUAWEI маҳсулоти инноватсионии худро дар Париж муаррифӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар шаҳри Новосибирски Русия гӯшаи забон ва адабиёти тоҷик ифтитоҳ ёфт
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Ҳаким Фирдавсӣ камоли бузургвории устод Рӯдакиро дар забону адаби мо дар «Шоҳнома» мавриди ситоиш қарор додааст