Астрономҳои тоҷик ба сайёраи Замин наздик шудани кометаи C/2023 A3-ро мушоҳида мекунанд
ДУШАНБЕ, 30.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Маркази сайёраҳои хурди Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ кашфи боз як кометаи навро тасдиқ кард. Кометаи C/2023 A3 9 январи соли 2023 аз тарафи олимони Чин кашф шудааст. Он 12 октябри соли 2024 дар нуқтаи наздиктарин (750 миллион километр) ба сайёраи Замин наздик мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
27 сентябри соли 2024 комета дар нуқтаи наздиктарин ба Офтоб, дар масофаи беш аз 58 миллион километр ҷойгир буд.
30 сентябр «меҳмони осмонӣ» пеш аз тулӯи Офтоб дар осмон хеле паст дурахшид.
Мушоҳидаҳои комета дар вақти ба Замин наздик шудан дар расадхонаҳои Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳо гузаронда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки ин гуна ҷирмҳои кайҳонӣ аз абри Оорт сарчашма гирифта, танҳо як маротиба аз системаи Офтоб мегузаранд ё давоми зиёда аз 200 сол як гардиши пурраи атрофи Офтобро анҷом медиҳанд.
Таҳқиқоти олимон нишон дод, ки кометаи C/2023 A3 давоми 80 000 сол ба атрофи Замин наздик шудааст, ки ин ҳодисаи беназирро одамон бо чашми одӣ дида метавонанд. Аз рӯи нуқтаи назари динамикӣ ва фаъолнокии комета маълум мешавад, ки он бори аввал аст ба системаи Офтоб ворид мегардад.
АКС: Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон











Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд
Неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Бойғозӣ» барои гузаронидани мавсими сармо омода мебошанд
Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст






