«ҒАЗАЛ РӮДАКИВОР НЕКӮ БУВАД…». Шеъри Устод Рӯдакӣ имрӯз ҳам пешгоми мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад

Сентябрь 22, 2024 07:30

ДУШАНБЕ, 22.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 сентябр дар Тоҷикистон  Рӯзи Рӯдакӣ ҷашн гирифта мешавад. Соли 2002 бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид шуда, 22 сентябр Рӯзи Рӯдакӣ эълон гардид. Ин рӯз ба бузургдошти шоири тавоно, қофиласолор ва бунёдгузори адабиёти тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида шудааст.

Одамушшуаро устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ асосгузори адабиёти тоҷикӣ ва падари шеъри тоҷикӣ мебошад. Миллати куҳанбунёд ва соҳибтамаддуни тоҷик бо ин нобиғаи оламшумул, ки барояш  шуҳрати ҷаҳонӣ овардааст, ифтихор дорад.

Ҳар миллат дар эҳёву рушди таърихиаш аввалан такя ба маънавиёти баланди миллии худ мекунад.  Сутунҳои мустаҳкаме, ки кохи ҳастии миллати моро, новобаста ба хунрезиву фоҷиаҳои таърих ва тохту тозу тороҷи аҷнабиён пойдор доштаанд, ҳамин сутунҳои  бегазанди таърихии ӯ: забони модарӣ, илму фарҳанги хуҷаста ва хусусан  адабиёти бадеии оламшумулаш мебошанд.  Беҳуда нест, ки баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати соҳибистиқлоли Тоҷикистон боз ҳам такя ба илму маонӣ ва фарҳангу адаби баланди миллии хеш намуд. Ва аз аввалин чорабиниҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон арҷгузорӣ ба забони тоҷикӣ ва ҷашну бузургдоштҳои фарзонагони илму адаби он, аз ҷумла ҳазору саду панҷоҳсолагии устод Рӯдакӣ, бузургдоштҳои зиёди дигари абармардони илму адабу фарҳанг ва шаҳрҳои бостонии ҷумҳурӣ буданд.

Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Рӯдакӣ (22 сентябр) ва Рӯзи Мавлонои Балхӣ (29 сентябр) яке аз иқдоми шоистаи Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми он аст, ки нишони арҷгузорӣ ба фарҳанг ва таърихи ғании миллӣ аст.

Устод Рӯдакӣ аз он абармардони адабиёти олам аст, ки баландтарин мақоми суханвариро дар сатҳи ҷаҳонӣ тавонистааст соҳиб шавад ва сазовори унвони Устод гардад, ки дар таърихи адабиёти куҳани мо ин унвонро танҳо ба ӯ шоиста донистаанд.  Ин аст, ки сазовор гардидан ба унвонҳое чунин баланд, мисли Одамушшуаро ва Асосгузори адабиёти тоҷик низ танҳо ба ӯ даст додааст.

Барои муайян сохтани мақоми устод Рӯдакӣ як пораеро аз китоби машҳури Саид Нафисӣ «Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ», ки мукаммалтарин ва пухтатарин пажуҳиш оид ба устод Рӯдакӣ мебошад, намуна меорем, ки дар он адибону шахсиятҳои анқариби замонаш  ӯро баҳогузорӣ кардаанд:

«Дар «Тарҷумаи Яминӣ» мастур аст, ки ҳама ашъори Рӯдакӣ ба ҳазору сесаду бист байт расида ва дар баъзе нусхаҳо омада, ки ашъори вай сад дафтар буда, чунончи Рашидӣ бад-он изҳоре карда, мегӯяд:

Гар сарӣ ёбад ба олам кас ба некӯшоирӣ,
Рӯдакиро бар сари он шоирон зебад сарӣ.
Шеъри ӯро баршумурдам сездаҳ раҳ сад ҳазор,
Ҳам фузун ояд, агар чунон ки бояд бишмарӣ.

Ва аксари шуаро Рӯдакиро мадҳ гуфтаанд ва дар шоирӣ мусаллам дошта, чунончи, Абулҳасани Шаҳид  гӯяд:

Ба сухан монад шеъри шуаро,
Рӯдакиро сухане тилви Нубост.
Шоиронро хаҳу аҳсант мадеҳ,
Рӯдакиро хаҳу аҳсант ҳиҷост.

Унсурӣ гӯяд:

Ғазал рӯдакивор некӯ бувад,
Ғазалҳои ман рӯдакивор нест.
Агарчи бикӯшам ба борик ваҳм,
Бар ин парда – андар маро бор нест.

Ва Рӯдакиро султонушшуаро гуфтаанд, чунончи Маъруфии Балхӣ ба тақрибе зикри он мекунад:

Аз Рӯдакӣ шунидам-султони шоирон,
К-андар ҷаҳон ба кас магарав ҷуз ба фотимӣ.

Ва ин ду байт аз Дақиқӣ аст дар мадҳи вай:

Киро Рӯдакӣ гуфта бошад мадеҳ,
Имоми фунуни суханвар бувад,
Дақиқӣ мадеҳ оварад назди ӯ,
Чу хурмо ба сӯи Ҳаҷивар бувад.

Низомии Арӯзӣ ин ду байтро иншо карда:

Эй он, ки таън кардӣ дар шеъри Рӯдакӣ,
Ин таън кардани ту зи ҷаҳлу зи кӯдакист,
Он кас, ки шеър донад, донад, ки дар ҷаҳон
Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакист.

Давлатшоҳи Самарқандӣ дар тазкираи худ дар мавриди устод Рӯдакӣ чунин меорад: «Ба фаҳми фақир шеъри Рӯдакӣ дар камоли равонӣ ва дорои фасоҳату балоғат аст, ки ба хонанда ба осонӣ як ҳаяҷони бадеӣ мебахшад, ҳамин аст дараҷаи болои шеър».

Мо низ дар навбати худ кӯшиш мекунем, ки бузургии бебаҳси устод Рӯдакиро ба чандин далелҳо равшан намоем. Аввалан, устод Рӯдакиро метавон яке аз поягузорони забони адабии тоҷик, хусусан забони шеъри тоҷикӣ донист. Зеро  маҳз ӯ ин забонро ба дараҷаи комил расонида, бо навиштаҳои худ ба он фасоҳату балоғати бадеӣ бахшида, писанд ва мақбули ҷаҳониён намудаст. Ва дар пояи он  минбаъд назму адабиёти  мо рушду такомул ёфта, оламгир шудааст. Баъдан, ӯст, ки ташаккули  жанрҳои  суннатии адабиёти классикии мо —  қасида, ғазал, рубоӣ, маснавӣ, қитъа ва ғайраро  тамомӣ бахшида, ба шакли комил даровардааст. Ва аз ин хусус дар китоби «Намунаҳои адабиёти тоҷик» зери таҳрири Садриддин Айнӣ, Сотим Улуғзода, Абдусалом Деҳотӣ, Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Иосиф Брагинский ва мушовирии Абулқосим Лоҳутӣ чунин омадааст: «Рӯдакӣ аввалин касе аст, ки дар забони тоҷик қасида, ғазал, қитъа ва рубоӣ гуфта ва инҳоро ба дараҷаи девон расонида. Аз ин сабаб номи вай ба сардафтарии адабиёти тоҷик гузаронида мешавад».

Устод Рӯдакӣ бунёдгузори сабки саҳли мумтанеъ аст ва барои равшан сохтани ин нукта кофист, ки суханони устод Садриддин Айниро далел орем:

«Агар мо шеърҳои Рӯдакиро «саҳли мумтанеъ» гӯем, мувофиқ меояд. «Саҳли мумтанеъ» чизест, ки дар дидан осону сода менамояд, аммо (амалӣ) кардану ба вуҷуд овардани вай мумтанеъ, яъне номумкин аст. Бештарин шеърҳои Рӯдакӣ ҳамин хусусиятро доранд».

Баъдан, эъҷози сухани устод Рӯдакӣ дар он аст, ки шеъри ӯ баъд аз гузаштани ҳазору анд сол (беш аз ҳазору панҷ саду  панҷоҳ сол) ҳанӯз тозаву равону фаҳмо аст. Барои муқоиса метавон ин далелро мисол овард, ки  яке аз қадимтарин асари бадеии русҳо «Слово о полку Игореве»-ро, ки хеле баъдтар аз осори устод навишта шудааст, имрӯз ворисонаш дар тарҷума  мехонанд. Яъне забони ин асар ба хонандаи имрӯзии рус фаҳмо нест. Аммо шеъри устод Рӯдакӣ баъд аз гузаштани асрҳо бе овардани ягон шарҳу эзоҳи луғат ба ҳар нафар тоҷик имрӯзӣ фаҳмову сода садо медиҳад.

Масалан, таваҷҷуҳ кунед ба ин рубоии устод:

Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ!
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ!
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ,  мардӣ!

Оё чӣ ҳарфе дар ин рубоӣ барои мову шумо нофаҳмост? Ин забоне, ки устод Рӯдакӣ ҳазору анд сол пеш бад-он шеър сурудааст, ҳамин забони фаҳмои имрӯзии мо аст. Ин аввалан гувоҳи нерумандӣ, устуворӣ ва мондагории забони тоҷикӣ аст, ки бо гузашти асрҳо чунин халалнопазир мондааст. Эъҷози дуюм ин аст, ки ин рубоии устод, ки ҳамарӯза вирди забон будааст, баъд аз гузаштани асрҳо ҳанӯз ҳам тозаву тар аст, заррае дилбазан нашудааст. Эъҷози сеюм ин аст, ки ин рубоӣ дар замони худи устод бо тақозои рӯзгор гуфта шуда буду ба дарди мардум мехурд ва солҳои солу асрҳои аср низ дар истифодаи ҳамарӯзаи мардум буд, имрӯз ҳам ба дардҳо мехӯрад ва банда аминам, баъд аз гузашти солҳо боз ҳам мақому мавқею манзалати худро дар байни ҷомеа нигоҳ хоҳад дошт.

Аммо ин далел ягона нест. Метавонем даҳҳо далели дигар аз шеъри устод оварем, масалан:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не ба д-он чашм, к-андар он нигарӣ,
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ
Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

***

Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон
Бартар аз дидори рӯи дӯстон…

***

Шод зӣ бо сияҳчашмон, шод,
Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод!

***

Ҷойе, ки гузаргоҳи дили маҳзун аст,
Он ҷо ду ҳазор найза боло хун аст.
Лайлисифатон зи ҳоли мо бехабаранд,
Маҷнун донад, ки ҳоли Маҷнун чун аст.

Эй басо шеърҳо, ҳатто аз шоирони муосир, ки дар замони зиндагии худашон кӯҳнаву нолозим  мешаванд, аз ёдҳо мераванд, аммо офарин бар равони устод Рӯдакӣ, ки баъд аз ҳазору анд сол боз ҳам шеъраш имрӯзист ва ба дарди миллату мардум мехӯрад.

Боз як далели зинда меорем. Дар рӯзҳои шигифтангези ҷанги нанговари бародаркуш ин шеъри устод Рӯдакӣ вирди забонҳо шуд ва ҳатто чандин нафар аз сарояндагон ба он оҳанг баста, он рӯзҳо месуруданд. Он рӯзҳо дар роҳи боздоштан аз худкушиву бародаркушӣ муассиртару пандомезтар аз ин матни устод Рӯдакӣ чизе набуд:

Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт.
Ин теғ на аз баҳри ситамгорон карданд,
Ангур на аз баҳри набид аст ба чархушт.
Исо ба раҳе дид яке кушта фитода,
Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт.
Гуфто, ки «киро куштӣ, то кушта шудӣ зор?
То боз кӣ ӯро бикушад, он ки туро кушт?»
Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,
То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.

Чунон ки асрҳо гузаштанду шеъри устод Рӯдакӣ заррае таровату зарурату аҳамияти худро гум накард, ҳамчунин боз асрҳо хоҳанд гузашт, аммо ин шеър боз ҳам раҳнамо, таскини дил ва ойинаи рӯзгори мардум хоҳад монд ва дар мавриди зарурӣ дар гӯши ҳоҷатмандон садо хоҳад дод:

Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ!
Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ!
Дар беҳ зи худӣ назар макун, ғусса махур!
Дар кам зи худӣ назар куну шод бизӣ!

Шеъри устод Рӯдакӣ баъд аз ҳазору анд сол на танҳо аз ҷиҳати фасоҳати забон, мазмуну муҳтаво, бо баровардани ҳоҷати мардум, созгор омадан ба розу ниёзашон, бо панду андарз ва ормонҳои инсонӣ ва таҷассуми хираду дониш мондагор аст, балки шеъре аст, ки аз ҷиҳати таҷассуми шеърият, ҳунар ва корбурди санъатҳои шеърӣ низ намунаи беҳтарини шеъри имрӯз буда метавонад.

Масалан, як замон бо насими шеъри наву модерн шоирони мо саргарми ҷустуҷӯи тасвиру таъбир ва баёнҳои нави шоирона гардиданд. Дар ин росто чанде аз  мо ва ҳамзабонони эрониву афғониамон ба ҷустуҷӯи бозёфтҳои нави шоирона пардохтанд. Аз ҷумла, чанд нафар бо такрори ҳамдигар таъбирҳои «ханда доштани гиря» ва «гиря доштани ханда»-ро  суруданд, аз қабили «Гиряҳоям ханда дорад, хандаҳоям гиряе…». Ҳол он ки Устод Рӯдакӣ чунин таъбиру тасвирҳоро хеле зеботару шоиронатар ҳанӯз дар замони худ эҷод карда буд:

Чу гусӣ кардамат ба дастаки хеш,
Гунаҳи хеш бар ту афкандам,
Хона аз рӯи дил тиҳӣ кардам,
Дида аз хуни дил биёгандам,
Аҷаб ояд маро зи кардаи хеш,
К-аз дари гиряам ҳамехандам.

Яъне Устод Рӯдакӣ бо таъбири «аз дари гиря хандидан» ҳанӯз  дар замони худ намунаи хуби шеъри модернро гуфта будааст.

Ё худ дар шеъри устод беҳтарин тасвирҳоро метавон дарёфт, ки воқеан бозёфтҳои хуби шоиронаанд, ки шоирони имрӯзии мо бештар дар ҷустуҷӯи чунин тасвирҳоянд. Аз ҷумлаи ин тасвир, ки шукуфтани бунафшаҳоро ба афрӯхтани донаҳои гӯгирд монанд мекунад:

Бунафшаҳои тарӣ хел-хел сар бар кард,
Чу оташе, ки ба гӯгирд бардавид кабуд.

Тасвирҳои ғайричашмдошти шоирона, ки дар он мафҳумҳои муҷаррад (абстракт) мисли «ҳодиса», «таб»  амали инсонӣ мекунанд ва «мардуми чашм» қатраи об ба лаби одами дар дами маргбуда  мерезад ва дар маҷмуъ, ин рубоие, ки як ҳолати руҳониву воқеии инсонро хеле таъсирбахш ва бисёр шоиронаю барҷаста тасвир намудааст, намунаи олии шеъри иҷтимоӣ мебошад:

Ҷуз ҳодиса ҳаргиз талабам кас накунад,
Як пурсиши гарм ҷуз табам кас накунад.
В-ар ҷон ба лаб оядам, ба ҷуз  мардуми чашм
Як пурсиши гарм ҷуз табам кас накунад.

Бо таассуф бояд иқрор шуд, ки мо ҳанӯз шеъри устод Рӯдакиро  чунон ки бояд, пажуҳиш нанамуда ва вежагиҳои забониву ҳунарии шеъри ӯ, асрори  саҳли мумтанеъи ӯро кашф накардаем.

Дар бораи вежагиҳои осори устод Рӯдакӣ ва мавқеи адабии ӯ дар таърихи адабиётамон баъзе аз ҳамзамононаш ва адибони асрҳои миёна, донишмандони шӯравиву хориҷӣ бо таҳқиқоти арзандаву ҷолиб саҳми боризи худро гузоштаанд. Метавон аз ин силсила  устод Садриддин Айнӣ, Абдулғанӣ Мирзоев, Андрей  Бертелс, Александр Болдирев, Михаил Занд, Иосиф Брагинский,  Холиқ Мирзозода, Расул Ҳодизода, Саид Нафисӣ, Александр Семёнов, Муҳаммаднурӣ Усмонов, Жилбер Лазар ва бисёри дигаронро ном бурд.

Рисолаи адабиётшиноси маъруфи тоҷик Абдулманнони Насриддин «Рӯдакӣ. Нусхашиносӣ ва нақду баррасии ашъори бозмонда»-ро баъд аз таҳқиқоти арзишманди Саид Нафисӣ метавон идомабахши сазовор дар рӯдакишиносии муосир ҳисобид.

Дар хотима чӣ метавон гуфт дар бораи шеъри устод Рӯдакӣ, шеъре, ки ҳанӯз дар асри даҳ машҳури дунё шуда буд, давоми асрҳо беш аз ҳазор сол машҳури дунё монд ва имрӯз низ машҳуру мақбулу маҳбуби хонандагони бешумор дар олам аст. Банда дар як пора шеър бо номи «Руҳи сухан» бахшида ба Устод гуфта будам:

Бар алайҳи обу оташ, хокбоди асрҳо
Дар ҷаҳон чизе ба ҷуз руҳи сухан поянда нест.,
Асри бисту як! Зи баъди қарнҳои бешумор
Пештоқат боз ҳам муштоқи шеъри Рӯдакист!

Яъне шеъри асил ҳамеша метавонад раҳнамои одамон бошад, аз ҷумла шеъри устод Рӯдакӣ, ки имрӯз ҳам пешгоми миллати мо, мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст.

Метавон ин навиштаро бо қитъаи машҳури Мухаллади Гургонӣ хотима бахшид, ки гуфтааст:

Аз он чандин наъими ин ҷаҳонӣ,
Ки монд аз Оли Сомон в-Оли Сосон,
Санои Рӯдакӣ мондасту мидҳат,
Навои Борбад  мондасту дастон.

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»,
барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

АКС аз манбаъҳои боз

 

Сентябрь 22, 2024 07:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧАКАН-МЕРОСИ ШИГАРФИ ФАРҲАНГ». Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ баргузор гардид
МАНДАРИН — МЕВАИ БОЛАЗЗАТУ ХУШБӮЙ. Афшураи он нӯшокии парҳезӣ ва тиббӣ маҳсуб мешавад
НАҚШИ МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Шарҳи Котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид
Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Марҷумак растании серғизо, парҳезӣ, зудҳазм ва давоӣ буда, хатари сактаи дилро пешгирӣ менамояд
Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад