Ба ифтихори ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Роғун намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ доир гардид
РОҒУН, 10.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни 33- солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Роғун намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ, инчунин бо иштироки сарояндагону санъаткорон барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид. Дар ин чорабиниҳо сокинони шаҳри Роғун, меҳмонони дохилию хориҷӣ ва кӯдакону наврасон иштирок ва шодию хурсандӣ намуданд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ додааст.
Раиси шаҳри Роғун Сунъатулло Саидзода иброз намуд, ки «ҳамасола ба таври бошукуҳ таҷлил намудани Истиқлолияти давлатӣ далели эҳтироми баланди сокинони мамлакат ба ин ҷашни бузурги муқаддас аст. Зеро маҳз бо шарофати ҳамин рӯйдоди муҳими таърихӣ миллати мо ҳуқуқи ба таври соҳибихтиёр муайян намудани ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва шарики равандҳои гуногунҷанбаи ҷаҳони муосир гардиданро ба даст овард. Маҳз бо корнамоии бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он марҳилаи сарнавиштсоз Ватан аз вартаи парокандагию нобудӣ раҳонида шуда, миллат аз гуруснагию бенавоӣ наҷот дода шуд».
Истиқлоли давлатӣ ба мо имкон дод, ки ба ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгонамон аҳамияти махсус диҳем. Хушбахтона, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба бедорию худшиносӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, барои аз нобудшавӣ нигоҳ доштани таърихи миллати тоҷик, расму ойинҳои миллӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва амсоли инҳо корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






