«БА ВАТАН ШАРАФМАРДОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Душанбе ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ бо ҷалби ҷавонони синни даъватӣ баргузор гардид

Сентябрь 14, 2024 13:30

ДУШАНБЕ, 14.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз қисмҳои ҳарбии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ба Ватан шарафмардона хизмат мекунем!» ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ бо ҷалби ҷавонони синни даъватӣ доир гардид. Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» дар  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар  ҳамоиш афсарону сарбозони қисми низомӣ, ҷавонони синни даъватӣ ва хонандагони синфҳои болоии як зумра муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии  ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт   иштирок намуданд.

Дар ҷамъомад  масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонписари бонангу номус – ба ҷо овардани уҳдадории ҳарбӣ, яъне хизмат ба Ватан-Модар  ибрози андеша  намуданд. Таъкид гардид, ки ҷавонон бояд бо  азми дил баҳри пойдории сулҳу оромӣ, Истиқлолу озодӣ дар сафи Артиши миллӣ   хизмат намоянд,   зеро Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди муҳими замони соҳибистиқлолии мамлакат буда,  омили асосии нигаҳдории давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад.

Ҳамзамон, дар доираи ҳамоиш байни сарбозони қисми ҳарбӣ  мусобиқаҳои  гуногуни варзишӣ, аз қабили шашкаву шоҳмот, бандкашӣ ва дастхобонӣ гузаронида шуда, ба ғолибони мусобиқа ва як қатор сарбозону афсарон «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

Ҳадафи баргузории ҳамоиш баланд бардоштани ҳисси худшиносиии миллӣ, шиносоии ҷавонони синни то даъватӣ аз имконот ва шароиту рафти хизмати сарбозон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат мебошад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 14, 2024 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд