«БА ВАТАН ШАРАФМАРДОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Душанбе ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ бо ҷалби ҷавонони синни даъватӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 14.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз қисмҳои ҳарбии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ба Ватан шарафмардона хизмат мекунем!» ҳамоиши хизматчиёни ҳарбӣ бо ҷалби ҷавонони синни даъватӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш афсарону сарбозони қисми низомӣ, ҷавонони синни даъватӣ ва хонандагони синфҳои болоии як зумра муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт иштирок намуданд.
Дар ҷамъомад масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавонписари бонангу номус – ба ҷо овардани уҳдадории ҳарбӣ, яъне хизмат ба Ватан-Модар ибрози андеша намуданд. Таъкид гардид, ки ҷавонон бояд бо азми дил баҳри пойдории сулҳу оромӣ, Истиқлолу озодӣ дар сафи Артиши миллӣ хизмат намоянд, зеро Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди муҳими замони соҳибистиқлолии мамлакат буда, омили асосии нигаҳдории давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон, дар доираи ҳамоиш байни сарбозони қисми ҳарбӣ мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили шашкаву шоҳмот, бандкашӣ ва дастхобонӣ гузаронида шуда, ба ғолибони мусобиқа ва як қатор сарбозону афсарон «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Ҳадафи баргузории ҳамоиш баланд бардоштани ҳисси худшиносиии миллӣ, шиносоии ҷавонони синни то даъватӣ аз имконот ва шароиту рафти хизмати сарбозон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат мебошад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






