Бахшида ба Истиқлоли давлатӣ ба намояндагони вазорату идораҳо мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ тақдим гардид

Сентябрь 4, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 04.09.2024 /АМИТ Ховар»/. Бахшида 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ба намояндагони гуногункасбе, ки давоми фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас нишон додаанд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ тақдим мегарданд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тақдими мукофотҳои давлатӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гардид.

Тавре дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакатро ба муносибати фарорасии ҷашни фархундаи 33-солгарди Истиқолияти давлатӣ табрику шодбош гуфт.

Гуфта шуд, ки чун анъана ҳамасола бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнҳои бузурги миллӣ кормандони касбу кори гуногуни мамлакат барои фаъолияти пурсамар ва саҳм гузоштан дар рушду пешрафти Ватани азизамон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ мешаванд.

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқлолият волотарин дастоварди давлату миллати тоҷик мебошад. 9 сентябри соли 1991 расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин сана барои миллати тоҷик рӯзи фаромӯшнашаванда маҳсуб мешавад. Ин матлаб зимни баргузории ҳамоиш бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин вазорат.

Муовини Сарвазири мамлакат  Сулаймон Зиёзода иброз намуд, ки кишоварзон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозорҳои мамлакат, инчунин содироти маҳсулот ба хориҷи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд. Кишоварзӣ  яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ буда, таъмини ҳадафи стратегии Ҳукумат, яъне амнияти озуқавории мамлакат асосан аз сатҳи рушди он вобаста мебошад.

Инчунин бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба кормандони Вазорати кишоварзии мамлакат мукофотҳои давлатӣ тақдим гардиданд.

Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз, 4 сентябр, дар арафаи ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра кормандони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии шоиста дар соҳаи геология бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Саридораи геология иттилоъ доданд, муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода тамоми кормандони Саридораи геологияро ба муносибати 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ табрик гуфт. Ҳамзамон ба панҷ нафар кормандони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии шоиста дар соҳаи геология мукофоти давлатиро тақдим намуд.

АКС аз вазорату идораҳо

Сентябрь 4, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд