Бахшида ба Истиқлоли давлатӣ ба намояндагони вазорату идораҳо мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ тақдим гардид
ДУШАНБЕ, 04.09.2024 /АМИТ Ховар»/. Бахшида 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ба намояндагони гуногункасбе, ки давоми фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас нишон додаанд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ тақдим мегарданд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тақдими мукофотҳои давлатӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гардид.
Тавре дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакатро ба муносибати фарорасии ҷашни фархундаи 33-солгарди Истиқолияти давлатӣ табрику шодбош гуфт.
Гуфта шуд, ки чун анъана ҳамасола бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнҳои бузурги миллӣ кормандони касбу кори гуногуни мамлакат барои фаъолияти пурсамар ва саҳм гузоштан дар рушду пешрафти Ватани азизамон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ мешаванд.
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Истиқлолият волотарин дастоварди давлату миллати тоҷик мебошад. 9 сентябри соли 1991 расман Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин сана барои миллати тоҷик рӯзи фаромӯшнашаванда маҳсуб мешавад. Ин матлаб зимни баргузории ҳамоиш бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён шуд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин вазорат.
Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода иброз намуд, ки кишоварзон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозорҳои мамлакат, инчунин содироти маҳсулот ба хориҷи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд. Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ буда, таъмини ҳадафи стратегии Ҳукумат, яъне амнияти озуқавории мамлакат асосан аз сатҳи рушди он вобаста мебошад.
Инчунин бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони Вазорати кишоварзии мамлакат мукофотҳои давлатӣ тақдим гардиданд.
Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз, 4 сентябр, дар арафаи ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра кормандони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии шоиста дар соҳаи геология бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Саридораи геология иттилоъ доданд, муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода тамоми кормандони Саридораи геологияро ба муносибати 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати ҷумҳурӣ табрик гуфт. Ҳамзамон ба панҷ нафар кормандони Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти меҳнатии шоиста дар соҳаи геология мукофоти давлатиро тақдим намуд.
АКС аз вазорату идораҳо








СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ашт сохтмони неругоҳи офтобӣ идома дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷайҳун муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Дар Бадахшон 55 муассисаи томактабӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Норак ба сохтмони ду иншооти нави соҳаи маориф оғоз бахшида шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Дар Суғд таҳти унвони «Ушшоқи Раҳмонӣ» фестивал–озмуни байналмилалӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ. Бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист низоми ҳуқуқии миллӣ эҷод намояд
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони корхонаи истеҳсоли оҳаксанг ва хокаи оҳак идома дорад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Шуғнон дар 10 гектар боғи нав бунёд карда шуд
МАСЪУЛИЯТИ ХАСТАНОПАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РОҲИ ДАВЛАТСОЗӢ. Эҳдо ба 35-солаии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ идома дорад
ИСТИҚЛOЛИ ДAВЛAТӢ ВA РУШДИ ДAВЛAТДOРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид






