БАХШИДА БА РӮЗИ КИТОБ. Дар Душанбе вобаста ба вазъи китобхонаҳои ҷумҳурӣ ҳамоиш доир шуд

Сентябрь 2, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 02.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 33-солагии  Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи китоб (4 сентябр) дар Муассисаи давлатии таълимии  «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ ва намоиши китоб бо унвони «Истиқлолият-марҳилаи сифатан нави рушди фаъолияти китобдорӣ» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар конференсия олимону мутахассисони варзидаи соҳаи китобдорӣ ва тамоми директорони китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуданд.

Дар доираи ҳамоиш масъалаҳои соҳаи китобдорӣ, вазъи рушди китобхонаҳои ҷумҳурӣ, таъмини онҳо бо технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва ҷалби хонандагон ба китобхонӣ баррасӣ гардид.

Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ иброз дошт, ки истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти миллати тоҷик рӯйдоди муҳими таърихӣ буда, дар баробари дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ барои пешрафти илму маориф, фарҳанг, аз ҷумла рушди соҳаи китобдорӣ шароити воқеан мусоид фароҳам овард.

Таъкид шуд, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти арҷгузорӣ ба китобу китобдорӣ дар мамлакат корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд.

Дотсенти кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографияшиносии донишкада Гадобег Маҳмудов иброз дошт, ки имрӯз бо шарофати Истиқлолият дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ китобхонаҳо бунёд шуда, барои китобхон шудани ҷомеа озмунҳои ҷумҳуриявӣ низ доир мегарданд. «Мояи хушнудӣ аст, ки зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки маблағи озмунҳо сад фоиз баланд бардошта шавад».

Декани  факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ Зафари Шариф иброз дошт, ки имрӯз дар заминаи баланд гардидани нақш ва мақоми китоб ҳамчун манбаи муҳимтарини донишандӯзӣ таҳқиқи масоили гуногуни таъриху сиёсат, иқтисодиёту маънавиёт ва маорифу фарҳанги  халқамон беш аз пеш меафзояд.

«Бо дарки муҳимияти соҳаи китобдорӣ барои пешрафти дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2005-2022 панҷ барномаи давлатии рушди соҳаи китобдорӣ, аз ҷумла «Барномаи рушди Китобхонаи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027»-ро ба маблағи беш аз 13 миллион сомонӣ қабул намуд. Илова бар ин масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаи китобдорӣ дар дигар барномаҳои давлатии рушди соҳаи фарҳанг ворид карда шудаанд.

Татбиқи нақшаи чорабиниҳои ин барномаҳо барои афзоиши шумораи китобхонаҳо ва хонандагон, мутобиқ гардонидани ҳаҷми фонди онҳо ба суръати афзоиши аҳолӣ ва дар сатҳу сифати баланд қонеъ гардонидани талаботи рӯзафзуни аҳолӣ нисбат ба иттилоот имконияти боз ҳам васеътар фароҳам овард», -гуфт Зафари Шариф.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Сентябрь 2, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид
Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид
«ДАР МЕҲМОНИИ ДУШАНБЕ». Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони ИДМ оғоз гардид
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ таҳти унвони «Ваҳдати миллат — бақои миллат!» ҳамоиш баргузор шуд
Дар ёдгории Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон бозёфти нодири таърихӣ — «обкӯзаи хонуми Сагкин» кашф гардид