Дар ҷамоати шаҳраки «30-солагии Истиқлол»-и ноҳияи Файзобод бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
ФАЙЗОБОД, 23.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Заркамари ҷамоати шаҳраки «30-солагии Истиқлол»-и ноҳияи Файзобод бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66 мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Файзобод хабар доданд.
Бинои муассисаи таълимӣ аз тарафи Сафорати Ҷумҳурии Ҷопон ба маблағи 132 ҳазору 708 доллари ИМА бунёд гардида, аз 10 синфхонаи барҳаво, таҷҳизоти муосири таълимӣ ва мизу курсӣ иборат аст.
Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамчунин шаш синфхонаи иловагӣ бо 150 ҷойи нишаст дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и деҳаи Шаҳтакиён, 2 синфхонаи иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-и деҳаи Гултеппа ва бинои муассисаи таълимии нав дар Ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳия ба истифода дода шуд. Ин биноҳо бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорону сокинони деҳаҳо сохта шудаанд.
Сокинони ноҳияи Файзобод барои амалӣ намудани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ноҳияро ободу зеботар гардонида, дар рушди иқтисодию иҷтимоии он саҳми арзанда мегузоранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






