Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Тоҷикобод 2,8 баробар афзоиш ёфт
ДУШАНБЕ, 12.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва заҳмати софдилонаи кишоварзони ноҳия рушди бомароми соҳаи кишоварзӣ таъмин гардида, дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа 2,8 баробар, аз ҷумла маҳсулоти растанипарварӣ 2,7 ва маҳсулоти чорводорӣ 3 баробар афзоиш ёфт. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Тоҷикобод иброз доштанд.
Гуфта шуд, ки Тоҷикобод асосан ноҳияи кишоварзӣ мебошад. Кишоварзӣ соҳаи афзалиятноки ноҳия ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқаворӣ, дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ нақши муҳим дорад.
Тибқи маълумоти оморӣ, давоми солҳои 1991 – 2023 дар ноҳия истеҳсоли ғалладонагиҳо 2,7 баробар, картошка 2,7, сабзавот 15, мева 22, гӯшт 2,5 ва асал 23 баробар зиёд гардид.
Ба андешаи Сарвари давлат, ин албатта, кори хуб аст, зеро дар баробари афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот инчунин ба зиёд гардидани ҷойи кор барои сокинони ноҳия мусоидат намудааст.
Ҳамзамон изҳор гардид, ки боғдорӣ яке аз самтҳои даромадноки ноҳия ба ҳисоб рафта, дар солҳои соҳибистиқлолӣ масоҳати боғҳо қариб 1200 гектар афзоиш ёфтааст.
Пешвои миллат баён доштанд, ки дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод ва умуман водии Рашт боғдорӣ, парвариши картошка, занбӯриасалпарварӣ ва чорводорӣ соҳаҳои сердаромад буда, дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои хушсифат, инчунин тақвияти иқтидори содиротии мамлакат нақши муассир доранд. Бо вуҷуди ин пешравиҳо Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки захираву имконияти ноҳияи Тоҷикобод барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироат ҳанӯз ҳам ба таври зарурӣ истифода нашудаанд.
Вобаста ба ин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор намуданд, ки дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






