Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ чорабинӣ баргузор гардид

Сентябрь 7, 2024 13:58

ДУШАНБЕ, 07.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 6 сентябр дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо иштироки меҳмонон, омӯзгорону донишҷӯён бахшида ба таҷлили 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид. Дар ин  хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон хабар доданд.

Ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ таъкид намуд, ки истиқлол бахти баланди миллати тоҷик аст.

«Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ нақши бузург доранд ва ҳамватанони мо ин хидматҳову талошҳои Роҳбари давлатро ҳаргиз фаромӯш намесозанд», — тазаккур дод ӯ.

Дар идома якчанд корманди фаъол ифтихорномаву сипоснома ва туҳфаҳо тақдим карда шуданд.

Дар фарҷом барномаи рангини ҳунарӣ пешниҳод карда шуд.

АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

Сентябрь 7, 2024 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст