Дар Душанбе ҷаласаи IХ Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд

Сентябрь 19, 2024 13:31

ДУШАНБЕ, 19.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи IХ Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласаи IХ Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил прокурори генералӣ ва директори Хадамоти федералии мониторинги молиявии Федератсияи Русия, прокурори генералии Ҷумҳурии Қирғизистон, муовини прокурори генералӣ ва директори Департаменти тафтишоти молиявии Ҷумҳурии Беларус, Директори Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба муқовимат ба коррупсия, Директори Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Узбекистон, муовини котиби генералии Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил /ИДМ/ ва роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Ҷаласаро Прокурори генералии Федератсияи Русия Игор Краснов оғоз намуд. Бо қарори марбута узви Шуро- директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода раиси ҷаласаи Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2024-2025 таъйин карда шуд.

Ҷаласаи 9-уми Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода идома ёфта, дар он роҳбарияти Агентӣ вобаста ба таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия сухан намуд.

Дар идомаи кори ҷаласа ҷараёни иҷрои қарорҳои қаблии Шуро, чораҳои самарабахши муқовимат ба коррупсия ва равишҳои умумӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо коррупсия баррасӣ гардид. Ҳамчунин байни роҳбарони аввали мақомоти аъзои Шуро доир ба корҳои анҷомдода табодули афкор доир шуд.

Дар ҷаласа барои фаъолияти Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия дар соли 2025 қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, барои таъмини иҷро ба аъзои шуро ирсол гардид.

Дар маҷмуъ, ҷаласаи Шурои IХ байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар сатҳи баланд ва фазои ҳамдигарфаҳмӣ доир гардид. Умед аст, ки қарорҳои дар он қабулшуда барои тақвияти ҳамкорӣ ва пурзӯр намудани муқовимат бар зидди коррупсия заминаи мусоид мегузоранд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 19, 2024 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд