Дар Душанбе Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон баргузор мешавад

Сентябрь 20, 2024 08:47

ДУШАНБЕ, 20.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 6 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон баргузор мешавад, ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 25 нафар иштирок мекунад. Дар ин хусус муовини Раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар дод.

Моҳи марти соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон (дар доираи Гранд Слами Тошканд) байни Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва Федератсияи байналмилалии ҷудо созишнома ба имзо расид.

Дар чемпионат варзишгарони то 21-сола имкони иштирок кардан доранд. То имрӯз барои иштирок дар чемпионат 449 варзишгар (241 мард, 208 зан) аз 62 давлат номнавис шудаанд. Аз ҷумла, дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо ҳамчун мизбон дар зӯрозмоиҳои инфиродӣ дар ҳайати 25 нафар (17 нафар байни писарон ва 7 нафар байни духтарон) иштирок мекунад.

Дар байни мардҳо Лоиқ Қутбуддинов, Саъдӣ Маҳмадов ва Хайрулло Ғанизода дар вазни то 60 кг, Самиршо Муҳаббатов, Умар Шеров, Муқтадири Бобоҷон дар вазни то 66 кг, Муҳиддин Асадуллоев ва Илҳомиддин Ҷабборов дар вазни то 73 кг, Аминҷон Абдуҷалилзода, Суннатулло Мусоев, ва Муҳаммад Юсуфзода дар вазни то 81 кг, Мусохон Ғаниев, Музаммир Каримзода, Сомон Кишваров дар вазни то 90 кг, Парвиз Абдураҳмонов, Муҳсин Маллаев дар вазни то 100 кг, Аҳмад Табаров ва Фараҳманд Устопиров дар вазни +100 кг дар ин мусобиқаи сатҳи баланд рақобат мекунанд.

Дар байни духтарон Зуҳал Ҷумъаева бо Райҳона Розиқзода дар вазни то 48 кг, Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг, Александра Кан бо Раҳмия Ханҷарбекова дар вазни то 57 кг, Ҷонона Назарова дар вазни то 63 кг, Виктория Киселева дар вазни +78 кг иштирок мекунанд.

Инчунин дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон бори аввал дар зӯрозмоии даставии омехта иштирок менамояд.

Ғолибону ҷоизадорони Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо байни ҷавонон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ сарфароз мегарданд.

Ёдовар мешавем, ки чемпионат дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор мешавад. Мақсад аз он ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, рушди варзиши мамлакат, аз ҷумла гӯштини ҷудо, дарёфти варзишгарони ҷавону ояндадор ва болоравии минбаъдаи шарафи варзиши Тоҷикистони соҳибихтиёр мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 20, 2024 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид