Дар Душанбе масъалаи ҷалби қувваи корӣ барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ ба Тотористон баррасӣ гардид

Сентябрь 4, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 04.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 3 сентябр мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Гулнора Ҳасанзода бо муовини Вазири меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тотористон Клара Тазетдинова ва ҳайати ҳамроҳон баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба ҷалби муташаккилонаи қувваи корӣ барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар Тотористонро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин вазорат хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба андешидани тадбирҳо барои дар амал татбиқ намудани мувофиқаҳои ҳосилгардида байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Тотористон муҳтарам Рустам Минниханов  дар самтҳои марбут ба фаъолияти ин вазорат ибрози назар карданд.

Ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Вазорати меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тотористон пас аз сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Тотористон 2 майи соли 2019 амалӣ гардид.

Моҳи марти соли 2024 дар доираи Форуми XV байналмилалии иқтисодии «KazanForum» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тотористон ва Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.

Ин Ёддошти тафоҳум барои ҳарду ҷониб аҳамияти муҳим дошта, ба таҳкими муносибатҳои байни ду давлат тавассути табодули таҷриба оид ба масъалаҳои шуғли аҳолӣ бо назардошти тамоюлҳои умумии рушди бозори меҳнат, баланд бардоштани самаранокии хизматрасонии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кормандон, ҳамкорӣ бо корфармоён бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳарду мамлакат равона шудааст.

Бо мақсади татбиқи муқаррароти Ёддошти ҳамкорӣ ҷонибҳо лоиҳаи нақшаи чорабиниҳо таҳия намуданд, ки онро Вазири меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тотористон тасдиқ намуда, дар доираи вохӯрӣ аз ҷониби директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба имзо расонида шуд.

Минбаъд ҷонибҳо дар доираи ин нақшаи чорабиниҳо таҷриба ва иттилоотро оид ба барномаҳои омӯзишӣ барои шаҳрвандони бекор, ҳамкории самаранок бо корфармоён, рушд ва истифодаи технологияҳои рақамӣ мубодила мекунанд, машғулияти дуҷониба, барномаҳои омӯзишӣ оид ба бозори меҳнат, роҳнамоии касбӣ, барқарорсозии касбӣ ва дастгирии иҷтимоӣ ташкил намуда, дар сатҳи роҳбарикунанда мунтазам вохӯрӣ мегузаронанд.

Татбиқи ин санад ба муносибатҳои дуҷонибаи вазоратҳо, аз ҷумла дар самти ташкили муҳоҷирати меҳнатӣ такони хуб мебахшад.  Бояд гуфт, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз моҳи марти соли 2022 бо ҷамъияти саҳомии «Минтақаи махсуси иқтисодии намуди саноатӣ-истеҳсолии Ҷумҳурии Тотористон» (ОАО «Алабуга») ҳамкорӣ намуда, бо тартиби муқарраргардида якчанд вохӯриҳо доир намуд, ки дар ҷараёни он барномаҳои таълимии «Alabuga Polytechnic» ва «Alabuga Service and Hospitality» пешниҳод гардиданд.

Ҳоло Муассисаи давлатии «Агентии бакортаъминкунӣ дар хориҷа» бо Алабуга дар доираи Созишномаи ҳамкорӣ, ки моҳи августи соли 2024 ба имзо расидааст, ҳамкорӣ дорад.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба ҷалби муташаккилонаи қувваи кориро барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ дар Тотористон баррасӣ намуда, барои бастани шартномаҳо байни корфармоҳои Тотористон ва марказҳои дар боло гуфташуда  оид ба омода намудани мутахассисон ба мувофиқа расиданд.

Ташрифи меҳмонон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи бизнес–форуми доираҳои кории Тоҷикистон ва Тотористон дар ҳошияи Конфронси минтақавии ҳамкории Тоҷикистон ва Русия баргузор мегардад.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 4, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд