Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ оғоз гардид

Сентябрь 3, 2024 14:36

ДУШАНБЕ, 03.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар шаҳри Душанбе бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ дар пойтахти Тоҷикистон  то 5 сентябр идома меёбад. Дар он   беш аз 112 нафар шиновар  аз 6 давлат — Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Беларуся, Қазоқистон, Узбекистон ва Афғонистон иштирок мекунанд. Мусобиқаро  20 довар, аз ҷумла 4 довари байналмилалӣ ва сардовари мусобиқа довари дараҷаи байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Узбекистон Шерзод Инагамов ҳакамӣ менамоянд.

Вазири корҳои дохилӣ, ҳамзамон Раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар маросими кушодашавӣ   иброз дошт, ки  бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ  баргузор намудани Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ чанд  сол аст, ки ба ҳукми анъана даромадааст. Ин чорабинии варзишӣ  барои малакаю маҳораташонро сайқал додани  варзишгарони беҳтарини мо ва  муаррифӣ намудани  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Таъкид гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ  маҳз бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи варзиш ва дастгирии варзишгарон аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат иқдомҳои муфид амалӣ мешаванд.

Иброз гардид, ки ҷалб намудани аҳолии мамлакат, хоса наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши шиноварӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, таваҷҷуҳ ба мустаҳкам кардани базаи моддию техникӣ, тарзи ҳаёти солим ва тарғиби васеи он байни қишрҳои ҷомеа торафт меафзояд.

Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тамоми тадбирҳоро меандешанд.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 3, 2024 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд