Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 03.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ дар пойтахти Тоҷикистон то 5 сентябр идома меёбад. Дар он беш аз 112 нафар шиновар аз 6 давлат — Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Беларуся, Қазоқистон, Узбекистон ва Афғонистон иштирок мекунанд. Мусобиқаро 20 довар, аз ҷумла 4 довари байналмилалӣ ва сардовари мусобиқа довари дараҷаи байналмилалӣ аз Ҷумҳурии Узбекистон Шерзод Инагамов ҳакамӣ менамоянд.
Вазири корҳои дохилӣ, ҳамзамон Раиси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар маросими кушодашавӣ иброз дошт, ки бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ баргузор намудани Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ чанд сол аст, ки ба ҳукми анъана даромадааст. Ин чорабинии варзишӣ барои малакаю маҳораташонро сайқал додани варзишгарони беҳтарини мо ва муаррифӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Таъкид гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ маҳз бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи варзиш ва дастгирии варзишгарон аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат иқдомҳои муфид амалӣ мешаванд.
Иброз гардид, ки ҷалб намудани аҳолии мамлакат, хоса наврасону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши шиноварӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, таваҷҷуҳ ба мустаҳкам кардани базаи моддию техникӣ, тарзи ҳаёти солим ва тарғиби васеи он байни қишрҳои ҷомеа торафт меафзояд.
Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш тамоми тадбирҳоро меандешанд.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ҷайҳун муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Дар Бадахшон 55 муассисаи томактабӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Шодоби ноҳияи Варзоб муассисаи таълимӣ ба истифода дода мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Норак ба сохтмони ду иншооти нави соҳаи маориф оғоз бахшида шуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ШАШМАҚОМ. Дар Суғд таҳти унвони «Ушшоқи Раҳмонӣ» фестивал–озмуни байналмилалӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ. Бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист низоми ҳуқуқии миллӣ эҷод намояд
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони корхонаи истеҳсоли оҳаксанг ва хокаи оҳак идома дорад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Шуғнон дар 10 гектар боғи нав бунёд карда шуд
МАСЪУЛИЯТИ ХАСТАНОПАЗИРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РОҲИ ДАВЛАТСОЗӢ. Эҳдо ба 35-солаии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ идома дорад
ИСТИҚЛOЛИ ДAВЛAТӢ ВA РУШДИ ДAВЛAТДOРИИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Гулистон мумфаршкунии роҳҳо идома дорад






