Дар Душанбе мусобиқаи футбол байни кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 14.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр дар варзишгоҳи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи футболи дӯстона байни кормандони низоми вазорат ва намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мусобиқа аз 12 то 27 сентябри соли 2024 байни 12 дастаи кормандони низоми Вазорати корҳои хориҷӣ, намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон доир мегардад.
Дар ифтитоҳи мусобиқа иброз гардид, ки мусобиқа дар ростои ҷонибдорӣ аз ташаббуси байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба эълон гардидани «Рӯзи ҷаҳонии футбол», ки бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид ва бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар арафаи таҷлили Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Варзишгари Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии теннис соҳиби ду медали тилло шуд
Дар шаш моҳи соли 2026 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 1000 медал ба даст оварданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Данғара мусобиқаи гӯштини миллӣ баргузор гардид
Соли 2027 дар Душанбе Чемпионати Осиё оид ба акробатикаи варзишӣ баргузор мешавад
Дар Мусобиқаи байналмилалии «Lausanne Grand Slam-2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон 14 нафар иштирок менамояд
Душанбе мизбони ҷаласаҳои Федератсияи ҷаҳонии гимнастика гардид
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон дар доираи Ёддошти тафоҳум густариш меёбад
Дастаи духтаронаи Тоҷикистон (U-17) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 бо Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва АМА ҳамгурӯҳ гардид
Доварони футболи Тоҷикистон омодагиро ба қисми дуюми мавсим оғоз намуданд
Тоҷикистон дар қароргоҳи СММ чорабинии сатҳи баланд оид ба нақши футбол дар солимии равонии ҷавонон доир намуд
Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар Чемпионати CAFA-2026 иштирок менамояд






