Дар Душанбе Намоишгоҳи якуми байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 доир мегардад
ДУШАНБЕ, 24.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 27 сентябри соли 2024 дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ (27 сентябр) Намоишгоҳи якуми байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 (Dushanbe International Tourism Exhibition – DITE 2024) баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ҳадафи асосии Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии мамлакат, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ ба шумор меравад.
Дар намоишгоҳ иштирокчиён имкон доранд беҳтарин маҳсулот ва хизматрасонии сайёҳиро аз экотуризм то хатсайрҳои фарҳангӣ муаррифӣ намуда, ба маъруфияти Тоҷикистон ҳамчун маркази сайёҳии Осиёи Марказӣ мусоидат намоянд.
Дар намоишгоҳ субъектҳои хизматрасони сайёҳии Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, бахусус бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои шарики шаҳри Душанбе, аз қабили ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муассисаҳои табобативу солимгардонӣ, фарҳангиву таърихӣ ва фароғатӣ иштирок менамоянд.
Дар доираи намоишгоҳ Форуми байналмилалии сайёҳии Душанбе низ баргузор карда мешавад.
Ҳамзамон зимни баргузории форум машғулияти омӯзишӣ вобаста ба масъалаи хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва роҳбаладӣ доир мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд
САЙЁҲИИ ЗИЁРАТӢ. Дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ Мамнуъгоҳи Султон Увайси Қаранӣ аз нав эҳё гардида, инфрасохтори сайёҳии он рушд намуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) иштирок намуданд
Раиси шаҳри Душанбе бо Раиси шаҳри Шероз мулоқот намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо дастовардҳои сокинони вилояти Суғд шинос шуданд
Дар шаш моҳ беш аз 930 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ мавзеъҳои сайёҳии Хатлонро тамошо намуданд
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» форуми байналмилалӣ баргузор мегардад
Давоми шаш моҳи соли 2026 зиёда аз 700 ҳазор сайёҳон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст






