Дар Душанбе озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 03.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» баргузор гардид. Дар озмун 12 довталаб аз ҳисоби кормандони мақомоти ноҳияҳои пойтахт ва шаҳри Душанбе иштирок карда, донишу малака ва кордонии худро манзури ҳакамон намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.
Озмун бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуда, дар шаҳри Душанбе бо мақсади тақвият бахшидан ба донишу малака ва касбияти занон-хизматчиёни давлатӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ гузаронида мешавад.
Озмун дар асоси Низомнома аз рӯи бахшҳои занон-хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ фаъолият доранд ва занон-хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ фаъолият менамоянд, доир гардид.
Довталабоне, ки дар озмун иштирок карданд, дорои сифатҳои касбӣ, сифатҳои кордонӣ ва сифатҳои ахлоқӣ буда, ба дониши онҳо аз рӯи меъёрҳои навиштани иншо бо забони давлатӣ, навиштани диктант бо забони русӣ, муаррифии лоиҳаи довталаб оид ба беҳтар намудани фаъолияти воҳиди сохтори мақомоти давлатӣ ва бартараф кардани камбудиҳо дар самти муайян, кор бо технологияи иттилоотӣ ва саволу ҷавоби соҳавию умумӣ баҳо дода шуд.
Дар натиҷа беҳтаринҳо муайян гардида, ба даври ҷумҳуриявии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» роҳхат гирифтанд.
АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад






