Дар Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 07.09.2024 /АМИТ «Ховра»/. Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. Истиқлолият ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар мамлакат таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шаванд. Ин матлаб 6 сентябр зимни баргузории ҳамоиши идона ба ифтихори 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баён гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин ниҳод.
Гуфта шуд, ки истиқлолият поягузори оғози таърихи навин ва сарнавиштсози тоҷикон мебошад. Бо эълони Истиқлолияти давлатӣ дар мамлакат саҳифаи нави таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд оғоз гардид.
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Инчунин он ҳамарӯза дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакатро дар фаъолияти худ амалӣ мегардонад.
АКС: Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






