Дар Коллеҷи техникии Тоҷикистон 33-солагии Истиқлолияти давлатиро таҷлил намуданд

Сентябрь 9, 2024 16:06

ДУШАНБЕ, 09.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамоиш Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки «маҳз дар фазои сулҳу амният ва осудагии комил давоми 33  соли соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ҳамаи соҳаҳои зиндагиву фаъолияти аҳолии мамлакат рӯ ба тараққӣ ниҳода, зери сиёсати хирадмандони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем».

Аз ҷумла, таъсиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки самараи замони Истиқлол аст, барои ташаккули низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёни касбӣ ва назорати ин соҳа иқдоми бисёр муҳим мебошад.

Бо назардошти аҳамияти муҳим доштани ин зинаҳои таҳсил дар рушди мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ чунин таъкид намуданд: «Таҳсилоти ибтидоии касбӣ низ яке аз зинаҳои муҳими соҳаи маорифи ҷумҳурӣ буда, иқтисоди миллиро бо мутахассисони соҳибкасб таъмин менамояд ва дар рушди ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат саҳми босазо мегузорад».

Аҳли коллективи кормандони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ пайваста аз дастгирию қадрдониҳои Сарвари давлат бархурдор мегарданд.

Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Музаффар Давлатзода иштирокдоронро ба муносибати Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, иброз дошт, ки «мо бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои беназири сиёсиву фарҳангӣ, иқтисодӣ ва фазои осоиштаи иҷтимоӣ ноил гардидем. Ин туҳфаи бузург барои мо имкони воқеӣ фароҳам намуд, ки роҳи бунёди имрӯзу фардои миллат ва тараққиёти минбаъдаи ҷумҳурии муҳбубамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона интихоб намоем».

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ директори Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ Масрур Саидзода барои фаъолияти босамар дар соҳаи маориф бо мукофоти олӣ — Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 9, 2024 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд