Дар Коллеҷи техникии Тоҷикистон 33-солагии Истиқлолияти давлатиро таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 09.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бахшида ба 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки «маҳз дар фазои сулҳу амният ва осудагии комил давоми 33 соли соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ҳамаи соҳаҳои зиндагиву фаъолияти аҳолии мамлакат рӯ ба тараққӣ ниҳода, зери сиёсати хирадмандони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем».
Аз ҷумла, таъсиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки самараи замони Истиқлол аст, барои ташаккули низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёни касбӣ ва назорати ин соҳа иқдоми бисёр муҳим мебошад.
Бо назардошти аҳамияти муҳим доштани ин зинаҳои таҳсил дар рушди мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ чунин таъкид намуданд: «Таҳсилоти ибтидоии касбӣ низ яке аз зинаҳои муҳими соҳаи маорифи ҷумҳурӣ буда, иқтисоди миллиро бо мутахассисони соҳибкасб таъмин менамояд ва дар рушди ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат саҳми босазо мегузорад».
Аҳли коллективи кормандони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ пайваста аз дастгирию қадрдониҳои Сарвари давлат бархурдор мегарданд.
Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Музаффар Давлатзода иштирокдоронро ба муносибати Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, иброз дошт, ки «мо бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои беназири сиёсиву фарҳангӣ, иқтисодӣ ва фазои осоиштаи иҷтимоӣ ноил гардидем. Ин туҳфаи бузург барои мо имкони воқеӣ фароҳам намуд, ки роҳи бунёди имрӯзу фардои миллат ва тараққиёти минбаъдаи ҷумҳурии муҳбубамонро ба сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона интихоб намоем».
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ директори Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ Масрур Саидзода барои фаъолияти босамар дар соҳаи маориф бо мукофоти олӣ — Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ баррасӣ шуданд
Дар маркази ташхисию табобатии «Луқмони Ҳаким-2014» 40 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 39-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустии ИДМ дар Тошканд иштирок намуд
Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб синфхона-озмоишгоҳҳои муосир ба истифода дода шуданд
КАСБОМӮЗӢ — РОҲИ РАСИДАН БА ШУҒЛИ УСТУВОР. Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир беш аз 44 ҳазор нафарро ба омӯзиш фаро гирифт
Оид ба тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Нуробод масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ бо Ҷопон баррасӣ гардиданд
Дар Минск ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ баргузор гардид
ҲУНАР ОМӮЗ! Дар Тоҷикистон беш аз 77 ҳазор наврасон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд
Дар деҳаи Кулчашмаи ноҳияи Муъминобод фурудгоҳи маҳаллӣ навсозӣ мешавад
Дар Литсейи касбии техникии саноати насcоҷии Душанбе Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба истифода дода шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2026». Даври ҷумҳуриявии озмун ҷамъбаст гардид






