Дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон дар Ёвон 9 варзишгари ноҳия сазовори ҷойи намунавӣ гардид
ЁВОН, 22.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар толори варзишии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 80-и ноҳияи Ёвон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва низомномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни наврасон баргузор гардид. Дар ин хусус масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ доданд.
Дар мусобиқа зиёда аз 216 варзишгар (16 духтар) аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат иштирок намуда, барои ба даст овардани зинаҳои ифтихорӣ бо ҳам рақобат намуданд.
Дар ин мусобиқа аз ноҳияи Ёвон 36 нафар иштирок намуд, ки дар натиҷа варзишгарони ноҳия 9 медал, аз ҷумла 3 медали тилло, 3 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Мақсад аз баргузории мусобиқа- муайян кардани беҳтарин варзишгарон, тарғибу ташвиқи ҳунари ҷудо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ байни варзишгарон ва баланд бардоштани маҳорати варзишии онҳо мебошад
Дар фарҷоми мусобиқа ғолибони ҳамаи вазнҳо бо Диплом ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






