Дар ноҳияи Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази саломатӣ ба истифода дода шуд
ЁВОН, 07.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 47-и деҳаи Ҳамзаи ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нави ноҳияи Ёвон ба истифода дода шуд. Дар ин хусус масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ доданд.
Зимни ифтитоҳи бино Раиси ноҳияи Ёвон Бахтиёр Шарифӣ, директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода ва роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия бо хонандагон суҳбати самимӣ анҷом дода, онҳоро ба донишомӯзӣ, дӯст доштани Ватан ва ҳимояи он даъват намуданд.
Бинои иловагии муассисаи таълимӣ аз 3 синфхона, як утоқи корӣ ва китобхона иборат буда, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми сокинони маҳал сохта шудааст.
Аз ҷониби раиси ноҳия ба муассиса ду дастгоҳи сардкунӣ (кондитсионер) ва ба якчанд нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат ва ниёзманд сару либоси мактаби ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар арафаи 33-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ёвон инчунин бинои маркази саломатии деҳот ва майдончаҳои варзишӣ, синфхонаҳои иловагӣ ва дигар иншооти муҳими хизматрасонӣ ба истифода дода шуда, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот роҳҳои маҳаллӣ мумфарш карда шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дар ноҳияи Ванҷ Литсейи касбии техникӣ сохта мешавад
Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои Миср нашр гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид






